Оқибатҳои даст кашидани Ғарб аз маводи хоми Русия

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкРабочие на угольном предприятии
Рабочие на угольном предприятии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Кишварҳои ғарбӣ ба нафту гази Русия, маъданҳо, филиз, нуриҳои маъданӣ вобастагии ҷиддӣ доранд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik, Владислав Стрекопитов. Иваз кардани ин манобеъ осон нест, иваз кардани баъзеи дигар аз онҳо имконнопазир аст.

"Ҳамашумулӣ"-и Русия

Русия аз ҷиҳати ашёи хом яке аз бойтарин давлатҳо мебошад. Аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти гази табиӣ дар ҷаҳон ҷои якум, аз рӯи экспорти нефт ҷои дуюмро ишғол мекунад. Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки агар Маскав ба Ғарб бо ҳамон таҳримҳои бесобиқа посух диҳад ва содироти энержиро қатъ кунад, ин ба буҳрони ҷаҳонӣ мубаддал мешавад.
Дар Русия ба ҷуз аз нафту газ, ангишт, маъдани оҳан, апатит, намакҳои калий, фосфоритҳо, алмос, мис, тило, никел ва платиноидҳо истихроҷ ва алюминий, титан ва хром гудохта мешаванд. Ҳамаи ин моддаҳои муҳими экспортӣ мебошанд. Русия бузургтарин тавлидкунандаи алмос дар ҷаҳон, дар ҷои дуюм кобалт, ванадий ва платина, сеюм тило, никел ва сулфур, чаҳорум нуқра ва фосфатҳо ва панҷум маъдани оҳан мебошанд. "Русал" дар байни корхонахои алюминиюм пешсаф аст, "Никели Норилск" калонтарин тавлидкунандаи никел ва палладий дар чаҳон ва ВСМПО-“Ависма” титан тавлид мекунанд.
Сеть ресторанов быстрого питания McDonald’s, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Вақти баҳрагирӣ аз дарси сахти Ғарб ба Русия фаро расид
"Қатъи содироти филиз аз Русия ба ҷаҳон мушкилоти бузургеро ба вуҷуд меорад, - мегӯяд коршиноси саноатӣ, номзади илмҳои иқтисод Леонид Хазанов.
"Масалан, таҳримҳо алайҳи ширкати "Русал" боиси камбуди алюминий дар ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ва болоравии нарх мешавад, ки барои истеҳсолкунандагони амрикоиву аврупоӣ ин мисли марг аст, зеро онҳо солҳои зиёд талош доранд, ки маҳсулоти Чинро аз бозорҳои худ берун кунанд. Вазъият бо никел, кобалт, платина ва палладий боз ҳам ҷиддитар аст. Таҳрими “Никели Норилск” боиси зарбаи воқеӣ мешавад. Ман ҳоло дар бораи платина ва палладий ҳарф намезанам. Дар натиҷа гудохтани фулоди зангногир, истеҳсоли автомобил ва маҳсулоти нефтӣ дар ИМА ва Аврупо ба мушкил мувоҷеҳ мешавад", - меафзояд ӯ.
Бо вуҷуди ин на ҳама коршиносон ин қадар назари ҳамсон доранд.
"Дар сурати даст кашидан аз таҳвили маҳсулоти Русия танҳо вазъ бо палладий, титан ва хроми электролитикӣ барои бозори Ғарб дардовар хоҳад буд", - мегӯяд Игор Петров, коршиноси маъдан ва металлургия, доктори илмҳои техникӣ ва меафзояд, - "аз рӯи ин маҳсулот Русия 25-35 дарсади бозори ҷаҳониро ишғол мекунад ва иваз кардани онҳо дар кӯтоҳмуддат ниҳоят мушкил аст".
Русия ба ИМА, Ҷопон, Олмон ва дигар мамлакатҳои саноатӣ палладий медиҳад. Он ҳамчун катализатор дар крекинги нафт ва синтези органикӣ, инчунин дар электроника истифода мешавад. Муштариёни асосии титани Русия “Boeing”, “Airbus”, “Safran” SA, “Rolls-Royce” ва дигар ҳавопаймоҳову муҳаррикҳо мебошанд. Мо хроми электролитикиро ба ИМА ва Олмон мефиристем.
"Дар мавриди дигар металлҳои ранга ба Русия аз панҷ то даҳ дарсади бозори ҷаҳонӣ рост меояд ва ин барои ширкатҳои ғарбӣ муҳим нест", - идома медиҳад коршинос.
Канада ва ИМА худ алюминий истеҳсол мекунанд ва Чин дар воридоти ин металл ба кишварҳои дигар ба осонӣ ҷои Русияро мегирад. Дар Канада конҳои калони никел ва дар Индонезия захираҳои калонтарин мавчуданд. Дар хусуси мис мо дар ҷаҳон ҳамагӣ дар ҷойи шашум мебошем. Чилӣ бо фарқи калон аз мо пешсаф аст: ҳиссаи ин давлат бештар аз 35 фоизи бозори чаҳониро ташкил медиҳад ва зиёд кардани истихроҷи он душвор нест.
"Дар мавриди баъзе навъҳои ашёи хоми металлургия, ки Русия ба таври анъанавӣ ба Аврупо содир мекунад, манзара чунин аст: масалан, Боливия метавонад консентрати волфрамро таъмин кунад. Ва мо бояд бо масъалаи эҷоди иқтидорҳо барои коркарди он дар дохили кишвар машғул шавем", - афзуд Петров.

Нақши Украина

Сарфи назар аз он ки Русия як нерӯи бузург дар ҷиҳати таъмини ҷаҳон бо ашёи хом аст, мо дар баъзе навъҳои захираҳо, пеш аз ҳама металлҳоро кам дорем, ки онро асосан аз ҳисоби воридот аз кишварҳое, ки ба таҳримҳо ҳамроҳ нашудаанд ё қисман ҳамроҳ шудаанд, пур мекунем. Ин ҷо истисно Украина аст. Дар ин ҷо вазъ то ҳол чандон рӯшан нест, аммо ба эҳтимоли зиёд коршиносон бар ин назаранд, ки дар ҳар сурат интиқолҳо идома хоҳанд ёфт, чунон ки дар душвортарин давраҳои муносибатҳо вуҷуд доштанд.
Украина ба таври анъанавй консентратҳои титан ва сиркон содир мекунад. Саҳми онҳо дар таъмини корхонаҳои металлургии Русия дар соли 2020 мутаносибан 80 ва 50 дарсадро ташкил дод.
Антон Силуанов на Международном форуме Транзитный потенциал Евразийского континента (30 сентября 2019). Еревaн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Силуанов: Ғарб бар зидди Русия ҷанги иқтисодиро оғоз кардааст
Корхонаҳои Украина бо корхонаҳои Русия дар занҷирҳои бисёрҷонибаи таъминот алоқаманданд. Масалан, маҳсулоти корхонаи гилхоки Николаевский ба корхонаҳои алюминиюми ​​Русал дар Русия интиқол дода мешавад ва филизи тавлиди онҳо дар ИМА ба фурӯш меравад. “Ависма” аз Украина консентрати илменит мегирад, ки дар он ҷо аввал барои истеҳсоли исфанҷи титан ва баъд металл истифода мешавад, ки истеъмолкунандагони асосии он ширкатҳои ҳавопаймосозии ИМА ва Аврупо мебошанд.
Тақрибан 20 фоизи тамоми захираҳои кашфшудаи маъданҳои титан дар Украина аст. Вай ба ҷуз аз Русия ин металлро ба Чин ва Туркия медиҳад. Дар соли 2020 Украина панҷумин содиркунандаи маъдани оҳан дар ҷаҳон буд. Вай аз ҷиҳати ҳосил намудани галлий дар ҷаҳон дар ҷои дуюм, германий дар ҷои панҷум, титан дар ҷои шашум, марганетс дар ҷои ҳаштум мебошад.
Аз ҷиҳати неон Украина умуман дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол ва қариб нисфи талаботи ҷаҳонро таъмин мекунад. Қатъи таъминот метавонад боиси халалдор шудани ширкатҳои электроника ва компютерҳо гардад.

Хавфи гусастани алоқаҳои байналмилалӣ

Русия ба Ғарб асосан ашёи хоми камкоркардшуда – консентрат ва металлҳои аввалия содир мекунад ва маҳсулоти дорои технологияи баландро бармегардонад.
Масъалаи ҷудо ҳамкории корхонахои мо бо корхонахои Аврупо ва Амрико мебошад. Масалан, карбонатҳои металлхои камёб дар Русия ба Эстония бурда мешаванд, ки дар он ҷо корхонаи чудо кардани онҳо мавчуд аст. Қисми зиёди махсулоти тайёр ба ИМА меравад.
"Гусастани чунин робитаҳо ба ҳамаи ширкаткунандагони он оқибатҳои манфӣ хоҳад овард. Дар сурати рад Эстония бояд дар Русия корхонаҳои ҷиддии истеҳсолӣ эҷод кунад ё карбонатҳоро ба Чин интиқол диҳад", - шарҳ медиҳад Петров.
Мисоли дигар фӯлоди зангногир аст, ки Маскав аз Аврупо мехарад.
"Истеъмолкунандагони Русия метавонанд аз воридоти фӯлоди аврупоӣ даст кашанд, аммо истеҳсолкунандагони он ҷо бозор барои фурӯши онро нахоҳанд ёфт: масраф дар ҷаҳони куҳна ба ҳадди ниҳоии он расидааст ва бозори ҷаҳонӣ аз маҳсулоти чинӣ пур шудааст", - мегӯяд Хазанов.
Аммо пеш аз ҳама Ғарб, албатта, аз интиқоли нафту газ аз Русия нигарон аст. Маскав то ҳол тамоми тааҳҳудоти байналмилалияшро иҷро мекунад, аммо агар ба содироти энержӣ таҳримҳои ҷавобӣ ҷорӣ кунад, пайомадҳо барои иқтисоди ҷаҳонӣ хеле ҷиддӣ хоҳанд буд.
Лентаи хабарҳо
0