https://sputnik.tj/20220309/futzalbozon-tojik-khorij-1046654352.html
Раҳимов ба тими Фаронса пайвасту ба дигарон роҳи комёбиро нишон дод
Раҳимов ба тими Фаронса пайвасту ба дигарон роҳи комёбиро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Футзалбоз Парвиз Раҳматов, ки ба Кингшэйми Фаронса кӯчидааст, роҳи ҷалби таваҷҷуҳи дастаҳои хориҷиро номид
2022-03-09T19:35+0500
2022-03-09T19:35+0500
2023-07-04T17:43+0500
футзал
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032651112_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_41bb98c59d2230177013f41743f6989a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Барои он ки футзалбозони тоҷик бештар ба дастаҳои хориҷӣ даъват шаванд, онҳо бояд зиёд дар бозиҳои байналмилалӣ ширкат кунанд. Дар ин бора Парвиз Раҳматов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон нақл кард. Ин бозигари тоҷик дар таърихи футзали кишвар аввалин шуда ба лигаи футзали Аврупо гузарад. Ҳоло беҳтарин бозигари "Сипар"-и Хуҷанд ва тими миллӣ дар ҳайати "Кингерсхайм"-и Фаронса бозӣ мекунад. Ба гуфтаи Раҳматов, дар Тоҷикистон футзалбозони боистеъдод зиёданд. Гузаштан ба "Кингерсхайм" метавонад барои дигар бозигарон ангезаи хубе бошад, гуфт Раҳматов. Илова бар ин, варзишгари тоҷик гуфт, ӯро дар ҳайати нав чӣ гуна пешвоз гирифтанд.Вай сатҳи баланди ташкили бозиҳо ва тамринҳо дар Фаронса, инчунин дастгирии бузурги мухлисонро қайд кард. "Аз аз куҷо буданамро мепурсанд ва бо ман акс мегиранд. Ин маро ба кор ва дӯст доштани футзал боз ҳам бештар рӯҳбаланд мекунад", - таъкид кард варзишгар. Барои гузаштан ба тими нав ба Раҳматов як агенти итолиёӣ кумак кардааст. Футзалбоз пас аз як мусобиқаи дӯстона дар Хорватия бо ӯ шартнома бастааст. Варзишгар таъкид кард, ки дар Аврупо як намояндаи хубе муҳим аст, ки хидматҳоятро тавсия диҳад. Ба Раҳматов се таклиф — аз мамлакатҳои Осиё, Итолиё ва Фаронса пешниҳод шуд. Пас аз андешаҳои зиёд, суҳбатҳо бо аҳли оилааш, президенти тими "Сипар" Зафарҷон Раҳмонов ва директор Нодир Дӯсматов, футзалбоз тасмим гирифт, ки ба "Кингерсхайм" гузарад.
https://sputnik.tj/20220216/intiqod-murabbi-tojikiston-cafa-1045932206.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032651112_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_3ed0b0610c26dabe9024fa697973dbac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
футболбоз, клубҳои хориҷӣ, варзиш, варзиш
футболбоз, клубҳои хориҷӣ, варзиш, варзиш
Раҳимов ба тими Фаронса пайвасту ба дигарон роҳи комёбиро нишон дод
19:35 09.03.2022 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Эксклюзив
Футзалбоз Парвиз Раҳматов, ки ба "Кингерсхайм" - и Фаронса пайвастааст, роҳи ҷалби таваҷҷуҳи дастаҳои хориҷиро гуфт
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Барои он ки футзалбозони тоҷик бештар ба дастаҳои хориҷӣ даъват шаванд, онҳо бояд зиёд дар бозиҳои байналмилалӣ ширкат кунанд.
Дар ин бора Парвиз Раҳматов дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон нақл кард. Ин бозигари тоҷик дар таърихи футзали кишвар аввалин шуда ба лигаи футзали Аврупо гузарад.
Ҳоло беҳтарин бозигари "Сипар"-и Хуҷанд ва тими миллӣ дар ҳайати "Кингерсхайм"-и Фаронса бозӣ мекунад.
Ба гуфтаи Раҳматов, дар Тоҷикистон футзалбозони боистеъдод зиёданд.
"Ман ба сатҳи бозигарони мо шубҳа надорам. Мо бачаҳои боистеъдоди зиёде дорем. Барои онҳо ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо тимҳои аврупоӣ кофӣ нест, ки мавриди таваҷҷӯҳ бошанд", - гуфт варзишкор.
Гузаштан ба "Кингерсхайм" метавонад барои дигар бозигарон ангезаи хубе бошад, гуфт Раҳматов.
Илова бар ин, варзишгари тоҷик гуфт, ӯро дар ҳайати нав чӣ гуна пешвоз гирифтанд.
"Онҳо маро муддати тӯлонӣ интизор буданд. Ман бо бразилиягиҳо дар як манзил зиндагӣ мекунам, яке аз онҳо Тиаго Кубик, ботаҷрибатарин бозигари даста аст", - гуфт Раҳматов.
Вай сатҳи баланди ташкили бозиҳо ва тамринҳо дар Фаронса, инчунин дастгирии бузурги мухлисонро қайд кард.
"Аз аз куҷо буданамро мепурсанд ва бо ман акс мегиранд. Ин маро ба кор ва дӯст доштани футзал боз ҳам бештар рӯҳбаланд мекунад", - таъкид кард варзишгар.
Барои гузаштан ба тими нав ба Раҳматов як агенти итолиёӣ кумак кардааст. Футзалбоз пас аз як мусобиқаи дӯстона дар Хорватия бо ӯ шартнома бастааст.
Варзишгар таъкид кард, ки дар Аврупо як намояндаи хубе муҳим аст, ки хидматҳоятро тавсия диҳад.
Ба Раҳматов се таклиф — аз мамлакатҳои Осиё, Итолиё ва Фаронса пешниҳод шуд.
Пас аз андешаҳои зиёд, суҳбатҳо бо аҳли оилааш, президенти тими "Сипар" Зафарҷон Раҳмонов ва директор Нодир Дӯсматов, футзалбоз тасмим гирифт, ки ба "Кингерсхайм" гузарад.