Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Эрдуғон аз русҳо ҳимоя кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкСаммит G20 в Риме
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Сиёсатмадор таваҷҷуҳи ҷомеаро ба вазъи русҳо ҷалб кард, ки ба далели таҳқири густардаи расонаҳои ғарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳолати ногувор афтодаанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар маросими ифтитоҳи форуми дипломатӣ дар Анталия аз мардуми Русия дифоъ кард.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, ҳамлаҳо ба русҳо, ки ҳафтаҳои ахир дар расонаҳои ғарбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс мушоҳида мешавад, қобили қабул нест.

"Вазъиятро бубинед, дирижёри оркестри филармонияро дар Олмон чӣ гуна ба унвони як дӯсти Путин барканор мекунанд. Оё ин сафсата аст? Асарҳои Достоевский мамнуанд. Оё ин сафсата аст?", - гуфт Эрдуғон.

Раисҷумҳури Туркия ҳамчунин таваҷҷуҳро ба низоми Шӯрои амнияти Созмони Милал ҷалб кард, ки дар он ҷо мушкилоти ҷиддӣ ва "каҷӣ" вуҷуд дорад.
"Низоме, ки дар он сарнавишти 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳидро панҷ кишвар муайян мекунад, ноодилона аст. Он бояд дубора ислоҳ шавад", - гуфт ӯ.
Эрдуғон омодагии худро барои ҳифзи сулҳ дар минтақа бо истифода аз тамоми захираҳо, аз ҷумла Конвенсияи Монтрё изҳор дошт.
Работа полевой биолаборатории Министерства обороны РФ, развернутой на авиабазе Орио-аль-Серио в Италии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Марги cареъ: озмоишгоҳҳои Украина чӣ хатар доранд - мусоҳиба
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсилаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи нерӯҳои Украина шиддат гирифт.
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кӯмак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳоро имзо кард.
Раисҷумҳури Русия алакай рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.
Хоманаӣ гуфт, барои халосӣ аз таҳрим набояд ақибнишинӣ кард
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Дар маҷмуъ 3 даври музокирот баргузор гардид.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд. Замон ва макони мушаххаси ҷаласаи навбатӣ ҳанӯз эълон нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0