https://sputnik.tj/20220311/bozdoshti-mardi-ittihomi-zaminfurushi-sughd-1046706341.html
Боздошти марди 52-сола бо иттиҳоми заминфурӯшӣ дар Суғд
Боздошти марди 52-сола бо иттиҳоми заминфурӯшӣ дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон сокини шаҳри Истаравшанро дар қаллобӣ муттаҳам мекунанд
2022-03-11T12:15+0500
2022-03-11T12:15+0500
2022-03-11T13:17+0500
дар тоҷикистон
боздошт
заминфурӯшӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вуд
суғд
истаравшан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044288616_0:102:1920:1182_1920x0_80_0_0_29c74e3fbb45a2a3aa5971ad98696745.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Маъмурини милиса сокини 52-солаи Истаравшанро боздошт кардаанд, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ба иттилои ВУД, муттаҳам ҳанӯз моҳи декабри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ барои додани замин пул гирифтааст. Муттаҳам барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани 0,8 га замини наздиҳавлигӣ аз корафтода 42 ҳазору 500 сомониро гирифта, то ҳол онро барнагардонидааст, афзуд манбаъ. Мақомот мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса, бар асоси моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои қаллобӣ ба андозаи 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 соли зиндон бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардаст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст. Ин дар ҳолест, заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон яке аз ҷиноёти паҳншуда ба шумор меравад, ки борҳо дар сатҳи ҳукумат баррасӣ шуда, президент Эмомалӣ Раҳмон барои ҷилавгирӣ аз он дастурҳо додааст. Махсусан барои ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонуни замин дар сохтори Додситонии кулли Тоҷикистон воҳиди махсусе ташкил гардид, ки ба назорати риояи қонунгузорӣ дар ин бахш машғул аст.
https://sputnik.tj/20220228/bozdosht-rais-jamoat-ojonsi-zaminfurushi-1046323979.html
суғд
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044288616_174:0:1881:1280_1920x0_80_0_0_63ea7284bbed8d770c0bcacb9ee8a345.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сокин, суғд, заминфурӯшӣ, муттаҳам
сокин, суғд, заминфурӯшӣ, муттаҳам
Боздошти марди 52-сола бо иттиҳоми заминфурӯшӣ дар Суғд
12:15 11.03.2022 (Навсозишуда: 13:17 11.03.2022) Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон сокини шаҳри Истаравшанро дар қаллобӣ муттаҳам мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Маъмурини милиса сокини 52-солаи Истаравшанро боздошт кардаанд, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои ВУД, муттаҳам ҳанӯз моҳи декабри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ барои додани замин пул гирифтааст.
Муттаҳам барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани 0,8 га замини наздиҳавлигӣ аз корафтода 42 ҳазору 500 сомониро гирифта, то ҳол онро барнагардонидааст, афзуд манбаъ.
Мақомот мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса, бар асоси моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои қаллобӣ ба андозаи 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 соли зиндон бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардаст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ин дар ҳолест, заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон яке аз ҷиноёти паҳншуда ба шумор меравад, ки борҳо дар сатҳи ҳукумат баррасӣ шуда, президент Эмомалӣ Раҳмон барои ҷилавгирӣ аз он дастурҳо додааст.
Махсусан барои ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонуни замин дар сохтори Додситонии кулли Тоҷикистон воҳиди махсусе ташкил гардид, ки ба назорати риояи қонунгузорӣ дар ин бахш машғул аст.