Борелл гуфт, Ғарб дар муносибат бо Русия чӣ иштибоҳ кард

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПленарная сессия Европарламента
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Яке аз онҳо ваъда ба Украина барои пайвастан ба НАТО буд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ғарб дар муносибат бо Русия ба чанд хато роҳ додааст. Дар ин бора Ҷозеп Борелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар мусоҳиба бо TF1 изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз онҳо ваъда ба Украина барои пайвастан ба НАТО аст.

"Ман омодаам иқрор шавам, ки мо ба баъзе хатоҳо роҳ ва имкони наздикшавии Русия бо Ғарбро аз даст додем",- гуфт ӯ.

Ба назари ӯ, ваъдаи узвият дар НАТО ба Украина ва Гурҷистон пешниҳоде буд, ки Ғарб онро амалӣ карда натавонист.
Ӯ ин ваъдаро хато номид, ки "амалӣ карда намешаванд".
Ёдовар мешавем, қаблан Борелл гуфта буд, ки Иттиҳодияи Аврупо шумораи ҳадди аксари таҳримҳои молиро алайҳи Русия ҷорӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин "барои иқтисоди Русия бори сангин хоҳад буд".
Ҳамчунин Гитанас Науседа, раисҷумҳури Литва гуфт, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо то ҳол натавонистаанд дар мавриди додани мақоми номзад ба узвияти Иттиҳодияи Урупо ба Украина ба тавофуқ бирасанд.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Медведев гуфт, Русия ба таҳримҳои Ғарб посухи тунд хоҳад дод
Дар мавриди узвияти Украина дар ҷомеа ва миёни раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ихтилоф ба миён омадааст.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс, пас аз чанд лаҳзаи тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина ташаннуҷ пайдо кард. Раҳбарони ҶМД ва ҶМЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кӯмак дар муқобила ба таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо, инчунин шартномаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо онҳоро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд.
Раисҷумҳури Русия рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижаи низомии ин кишвар дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд. Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, технология ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Лентаи хабарҳо
0