https://sputnik.tj/20220310/zelenskiy-qonun-musodira-amvol-rusiya-1046692383.html
Зеленский Қонун дар бораи мусодираи амволи Русияро имзо кард
Зеленский Қонун дар бораи мусодираи амволи Русияро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Мусодираи амволи марбути Русия ва резидентҳояш бидуни ҷуброни арзиши он сурат хоҳад гирифт
2022-03-10T21:00+0500
2022-03-10T21:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
мусодира
владимир зеленский
қонун
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_0:6:2700:1525_1920x0_80_0_0_b17f662c1d3f9eea74628a3b280cbea4.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина Қонун дар бораи мусодираи маҷбурии моликияти Русия дар қаламрави кишварашро имзо кард. Ба иттилои РИА "Новости", Радаи Болоӣ эълон кардаст, ки мусодираи амвол маҷбурӣ, бидуни ҷуброни арзиши он сурат мегирад. "Зеленский қонуни қабулкардаи Радаи Болоии Украинаро имзо кард, ки дар он меъёрҳои бунёдии мусодираи маҷбурии амволи марбути Русия ва резидентҳояш дар қаламрави Украина муқаррар шудаст", - омадааст дар иттилоия. Ба татбиқи ин қонун Кумитаи умури рушди иқтисодии Украина машғул хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220310/lavrov-qasd-ima-sokhtan-siloh-biologi-etniki-1046684127.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_187:0:2544:1768_1920x0_80_0_0_ced6b88deb7d9937e4c5ed7cebe0b0f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, қонун, мусодира, амвол, русия, украина
имзо, қонун, мусодира, амвол, русия, украина
Зеленский Қонун дар бораи мусодираи амволи Русияро имзо кард
21:00 10.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Мусодираи амволи марбути Русия ва резидентҳояш бидуни ҷуброни арзиши он сурат хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина Қонун дар бораи мусодираи маҷбурии моликияти Русия дар қаламрави кишварашро имзо кард.
Ба иттилои РИА "Новости", Радаи Болоӣ эълон кардаст, ки мусодираи амвол маҷбурӣ, бидуни ҷуброни арзиши он сурат мегирад.
"Зеленский қонуни қабулкардаи Радаи Болоии Украинаро имзо кард, ки дар он меъёрҳои бунёдии мусодираи маҷбурии амволи марбути Русия ва резидентҳояш дар қаламрави Украина муқаррар шудаст", - омадааст дар иттилоия.
Ба татбиқи ин қонун Кумитаи умури рушди иқтисодии Украина машғул хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад.