https://sputnik.tj/20220310/rusiya-qarzhoi-beruna-rubl-pardokht-1046697533.html
Русия қарзҳои берунаашро бо рубл пардохт мекунад
Русия қарзҳои берунаашро бо рубл пардохт мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири молияи Русия гуфт, кишвараш қарзҳои хориҷиро бо рубли русӣ пардохт мекунад
2022-03-10T22:40+0500
2022-03-10T22:40+0500
2022-03-11T11:43+0500
дар русия
молия
вазири молия
қарзҳо
рубл
пардохт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046146154_0:0:3147:1770_1920x0_80_0_0_aeaa124675e96e78c119df939b763714.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Антон Силуанов, вазири молия Русия гуфт, кишвараш қарзҳои хориҷиашро бо рубл пардохт хоҳад кард ва рублҳоро баъд аз озод кардани захоири тилову асъори Русия метавон мубодила кард.Силуанов дар ҷаласа бо раисҷумҳури Русия гуфт, “тартиби махсуси хидматрасонии қарзҳои хориҷӣ, аз ҷумла қарзҳои давлатӣ муқаррар шудааст, мо уҳдадориҳои берунаи худро бо рубл пардохт мекунем ва мубодилаи онро бо асъори хориҷӣ пас аз озод кардани захираҳои тилову асъор анҷом медиҳем”, - гуфт вазири молия Русия.Дар охири ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро "Дар бораи тартиби муваққатии иҷрои уҳдадориҳо дар назди қарздорони алоҳидаи хориҷӣ” имзо кард. Пас аз он Бонки марказии Русия тавзеҳ дод, қарздорон аз кишварҳое, ки алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд, пардохтҳо бояд танҳо бо рубл аз тариқи суратҳисобҳои махсуси бонкӣ пардохт карда мешавад.Қарзи хориҷии Русия то 1 январи соли 2022, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, 478,2 миллиард долларро ташкил дод, ки аз он ба мақомоти идораи давлатӣ 62,56 миллиард доллар рост меояд.Вазорати молияи Русия пас аз ин фармони раисҷумҳур эълом кард, ки уҳдадориҳои худро дар заминаи вомбаргҳои соҳибихтиёрӣ сари вақт ва пурра иҷро мекунад.Ба гуфтаи ӯ, пардохтҳо аз рӯи евробондҳои Русия ба резидентҳо бо рубл ва ба ғайрирезидентҳо тибқи асноди барориши онҳо сурат мегирад, аммо дар асл имкони чунин пардохтҳо ба он вобаста хоҳад буд, ки онҳо дар доираи таҳримҳои ҷорӣ анҷом дода мешаванд ё на.
https://sputnik.tj/20220310/masala-marg-zindag-russia-lavrov-gharb-1046684440.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046146154_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1db256151306e019016c05a045a6ea7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, қарз, пардохт, вазири молия, қарзи хориҷӣ
русия, қарз, пардохт, вазири молия, қарзи хориҷӣ
Русия қарзҳои берунаашро бо рубл пардохт мекунад
22:40 10.03.2022 (Навсозишуда: 11:43 11.03.2022) Вазири молияи Русия гуфт, кишвараш қарзҳои хориҷиро бо рубли русӣ пардохт мекунад
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Антон Силуанов, вазири молия Русия гуфт, кишвараш қарзҳои хориҷиашро бо рубл пардохт хоҳад кард ва рублҳоро баъд аз озод кардани захоири тилову асъори Русия метавон мубодила кард.
Силуанов дар ҷаласа бо раисҷумҳури Русия гуфт, “тартиби махсуси хидматрасонии қарзҳои хориҷӣ, аз ҷумла қарзҳои давлатӣ муқаррар шудааст, мо уҳдадориҳои берунаи худро бо рубл пардохт мекунем ва мубодилаи онро бо асъори хориҷӣ пас аз озод кардани захираҳои тилову асъор анҷом медиҳем”, - гуфт вазири молия Русия.
Дар охири ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро "Дар бораи тартиби муваққатии иҷрои уҳдадориҳо дар назди қарздорони алоҳидаи хориҷӣ” имзо кард. Пас аз он Бонки марказии Русия тавзеҳ дод, қарздорон аз кишварҳое, ки алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд, пардохтҳо бояд танҳо бо рубл аз тариқи суратҳисобҳои махсуси бонкӣ пардохт карда мешавад.
Қарзи хориҷии Русия то 1 январи соли 2022, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, 478,2 миллиард долларро ташкил дод, ки аз он ба мақомоти идораи давлатӣ 62,56 миллиард доллар рост меояд.
Вазорати молияи Русия пас аз ин фармони раисҷумҳур эълом кард, ки уҳдадориҳои худро дар заминаи вомбаргҳои соҳибихтиёрӣ сари вақт ва пурра иҷро мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, пардохтҳо аз рӯи евробондҳои Русия ба резидентҳо бо рубл ва ба ғайрирезидентҳо тибқи асноди барориши онҳо сурат мегирад, аммо дар асл имкони чунин пардохтҳо ба он вобаста хоҳад буд, ки онҳо дар доираи таҳримҳои ҷорӣ анҷом дода мешаванд ё на.