Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Масъалаи маргу зиндагӣ барои Русия: Лавров дар бораи амалиёт ва вокуниши Ғарб

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, вокуниши Ғарб ба амалиёти низомӣ дар Украина нишон медиҳад, ки ин ҷо масъалаи маргу зиндагӣ нуҳуфтааст
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, баҳодиҳӣ ба раванди амалиёти низомӣ дар Украина салоҳияти Владимир Путин, ҳамчун сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар мебошад.
Лавров дар пайи мулоқот бо ҳамтои украинияш Дмитрий Кулеба ба хабарнигорон гуфт, баҳоро ба амалиёти низомӣ Вазорати мудофиа ва аз ҳама муҳимаш президент ҳамчун сарфармондеҳ медиҳад.
Ӯ гуфт, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия борҳо таъкид намуд, ки амалиёти низомӣ дар Украина тибқи нақша ҷараён дорад.
Дар мавриди вокуниши Ғарб, ки аз ин амалиёт шадидан хашмгин шудааст, Лавров бардошташро баён дошт.

"Ин нишон медиҳад, ки воқеан ҷанг барои маргу зиндагӣ, барои ҳаққи Русия дар харитаи сиёсии Русия бо риояи тамоми манофеи қонунии худ мебошад", - таъкид намуд вай.

Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Инсталляция Подземное отражение усадьбы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Фошкориҳои Русия аз озмоишгоҳҳои ИМА дар Украина
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври навбатияш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0