https://sputnik.tj/20220310/roh-khorugh---ishkoshim-basta-1046665173.html
Роҳи Хоруғ - Ишкошим муваққатан баста шуд
Роҳи Хоруғ - Ишкошим муваққатан баста шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар роҳҳои Тоҷикистон корҳои тоза кардани масирҳо аз тармаҳо идома доранд
2022-03-10T11:06+0500
2022-03-10T11:06+0500
2022-03-10T12:20+0500
дар тоҷикистон
роҳ
нақлиёт
резиши тарма
кҳф
агентии ҳавосанҷӣ
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/18/1027941865_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_90e6b05a49adf06848b97b55a1e12754.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бар асари резиши тарма роҳи Душанбе - Хуҷанд то ҳол баста аст. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, роҳи Хоруғм - Ишкошим низ масдуд шудааст.Тибқи иттилои КҲФ, рӯзи 9 март дар роҳҳои Душанбе – Варзоб (км 57, 58, 67, 68 ва 71), Душанбе – Хоруғ (км 478 ва 497), Хоруғ – Ишкошим (км 29) ва шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Дар Мурғоб (558 км) дар 18 маврид тарма фаромадааст.Корҳои поксозии роҳҳоро хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт, ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз" (IRS) ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки шабонарӯзӣ дар маҳалҳои лағзиши барф навбатдорӣ мекунанд, анҷом медиҳанд.Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ гуфт, роҳҳои Душанбе - Хуҷанд ва Хоруғ - Ишкошим муваққатан баста шудаанд.Ҳамчунин дар километри 237-уми шоҳроҳи Дарвоз - Шамсиддини Шоҳин - Кӯлоб, ки аз ҳудуди деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, бар асари боришоти зиёд сангрезӣ рӯх додааст.Кормандони Вазорати нақлиёт оқибатҳои резиши сангро бартараф кардаанд, феълан роҳ боз аст. Ёдовар мешавем, Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки то охири ҳафта хатари фаромадани тарма, сел, сангрезӣ ва ҳамчунин болоравии сатҳи об дар обанборҳо вуҷуд дорад.
https://sputnik.tj/20220309/hushdor-tojikistoniyon-obkhez-sel-sangrezish-1046638167.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/18/1027941865_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_da47d1ced2b160ce4d9181852204f3d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ хоруғ - ишкошим баста
роҳ хоруғ - ишкошим баста
Роҳи Хоруғ - Ишкошим муваққатан баста шуд
11:06 10.03.2022 (Навсозишуда: 12:20 10.03.2022) Дар роҳҳои Тоҷикистон тоза кардани роҳҳо аз тарма идома доранд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бар асари резиши тарма роҳи Душанбе - Хуҷанд то ҳол баста аст. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, роҳи Хоруғм - Ишкошим низ масдуд шудааст.
Тибқи иттилои КҲФ, рӯзи 9 март дар роҳҳои Душанбе – Варзоб (км 57, 58, 67, 68 ва 71), Душанбе – Хоруғ (км 478 ва 497), Хоруғ – Ишкошим (км 29) ва шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Дар Мурғоб (558 км) дар 18 маврид тарма фаромадааст.
Корҳои поксозии роҳҳоро хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт, ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз" (IRS) ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки шабонарӯзӣ дар маҳалҳои лағзиши барф навбатдорӣ мекунанд, анҷом медиҳанд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ гуфт, роҳҳои Душанбе - Хуҷанд ва Хоруғ - Ишкошим муваққатан баста шудаанд.
Ҳамчунин дар километри 237-уми шоҳроҳи Дарвоз - Шамсиддини Шоҳин - Кӯлоб, ки аз ҳудуди деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, бар асари боришоти зиёд сангрезӣ рӯх додааст.
Кормандони Вазорати нақлиёт оқибатҳои резиши сангро бартараф кардаанд, феълан роҳ боз аст.
Ёдовар мешавем, Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки то охири ҳафта хатари фаромадани тарма, сел, сангрезӣ ва ҳамчунин болоравии сатҳи об дар обанборҳо вуҷуд дорад.