Ҳушдори тоҷикистониён аз ҳавои номусоид ва обхезиву селу сангрезиш

© КЧС РТЛиквидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Сокинони Тоҷикистонро аз ҳавои номусоид ҳушдор дода, даъват ба эҳтиёткорӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои номусоид ва бориш дар ҷумҳурӣ то охири ҳафта идома меёбад.
Бориши дарпешистода ва баланд шудани заминаҳои ҳарорат дар кӯҳҳо сабаби обшавии шадиди барф мегардад, ки ин вазъ метавонад боиси эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо, инчунин вайрон шудани хатти соҳили дарёю кӯлҳо гардад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар натиҷаи бориши дарпешистода хатари фаромадани тарма, фаромадани сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.
Ласточка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Марти мисли баҳори ҳудуди 40 сол пеш: сокинони Тоҷикистонро баҳори серун интизор аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар робита ба ин аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, дар чунин рӯзҳо ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин қурбониёни сел дар соли ҷорӣ санаи 6 март дар деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шуд.
Ҳалокшудагон сокинони 18-сола буда, ҷасадашон дар масофаи 4 километр дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо шудааст.
Лентаи хабарҳо
0