Роҳи Душанбе - Чаноқ боз шуд

© Facebook / Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в РТЗаснеженная трасса Душанбе-Чанак
Заснеженная трасса Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Роҳи Душанбе - Чаноқ, ки наздик ба ду рӯз масдуд буд, боз шудааст
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ширкати IRS, масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ аз оғози ҳаракат дар ин ҷодаи хабар дод.
Ширкат баъди зуҳри 10 март бо нашри як иттилоия гуфт, паёмадҳои тарма дар ин масир бартараф гардида, феълан ҳаракат аз ҳар ду самт имконпазир мебошад. Ширкат ба ронандагону мусофирон барои он ки вазъро дарк менамоянд, сипосгузорӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, субҳи рӯзи 8-уми марти соли равон, тахминан соати 11:30 дақиқа аз сабаби бориши барфу борон дар километрҳои 63, 66 ва 68-уми шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ тарма сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шуда буд.
Тибқи иттилои ширкат, давоми ду рӯзи ахир дар ин ҷода 46 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Роҳи Хоруғ - Ишкошим муваққатан баста шуд
Масири Душанбе - Чаноқ, ягона роҳе, ки пойтахтро ба шимоли мамлакат васл мекунад, аз масирҳои хатарноки кишвар махсусан дар фасли зимистон аст.
Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани тарма масири Хоруғ - Ишкошим низ муваққатан баста шуд ва тибқи иттилои мақомот, кор барои тоза кардани ин масир ва азсаргирии ҳаркат идома дорад.
Дар ҳамин ҳол Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки то охири ҳафта хатари фаромадани тарма, сел, сангрезӣ ва ҳамчунин болоравии сатҳи об дар обанборҳо вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0