https://sputnik.tj/20220310/nizomiyon-poygoh-nobudsozi-guruhi-takhribgar-1046679704.html
Низомиёни пойгоҳи 201 нобудсозии гурӯҳи мухаррибро тамрин мекунанд
Низомиёни пойгоҳи 201 нобудсозии гурӯҳи мухаррибро тамрин мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни Русия истодагарӣ дар баробари ҳамлаи гуруҳи истихборотӣ - тахрибкори "душман" - ро тамрин карданд
2022-03-10T18:02+0500
2022-03-10T18:02+0500
2022-03-10T18:02+0500
дар русия
амният ва мудофиа
пойгоҳи 201
тамрин
размоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237053_0:143:3073:1871_1920x0_80_0_0_0dc7feb60202f879b707f46b05fd9ee7.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия размоиши нақшавиро барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон баргузор мекунанд. Тамриноти низомӣ аз 14 то 18 март дар назар аст, изҳор дошт дафтари матбуотии Ҳавзаи марказӣ - низомии Русия. Таъкид шудааст, ки беш аз ҳазор низомии пойгоҳи 201-ум дар 3 марҳила тамриноти тактикиро дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон баргузор мекунанд. Воҳидҳои пойгоҳ инчунин интиқоли фавриро амалӣ хоҳанд кард, ки дар давоми он ҳамлаи гуруҳи мусаллаҳи истихборотӣ ва тахрибкор пас гардонда мешавад. Дар баробари ин барқарорсозии тавоноии ҷангиро амалӣ мекунанд. Дар размоиш беш аз 300 адад техникаи низомӣ ва махсус бо ҷалби чархболҳо кор бурда хоҳанд шуд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан мутахассисони муборизаи радио-электронии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон амалиёти пинҳонсозии низомҳои мудофиаи ҳавоиро аз ҷониби истихбороти рақиби шартӣ тамрин карданд. Пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди низомии хушкигарди Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар буда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад.
https://sputnik.tj/20220217/hatto-pashsha-nameguzarad-tahkim-marz-tojikiston-qiboli-tahdidho-afghoniston-1045991680.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237053_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a889060b7a3c41b4eab4969e3d830f8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамрин, низомиён, пойгоҳ, тоҷикистон
тамрин, низомиён, пойгоҳ, тоҷикистон
Низомиёни пойгоҳи 201 нобудсозии гурӯҳи мухаррибро тамрин мекунанд
Низомиёни Русия истодагарӣ дар баробари ҳамлаи гурӯҳи истихборотӣ - тахрибкори "душман"-ро тамрин карданд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия размоиши нақшавиро барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон баргузор мекунанд.
Тамриноти низомӣ аз 14 то 18 март дар назар аст, изҳор дошт дафтари матбуотии Ҳавзаи марказӣ - низомии Русия.
Таъкид шудааст, ки беш аз ҳазор низомии пойгоҳи 201-ум дар 3 марҳила тамриноти тактикиро дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон баргузор мекунанд.
"Дар ҷараёни марҳилаи асосӣ ҳарбиён амалиёт барои муҳосира ва нобудсозии гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро тамрин мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Воҳидҳои пойгоҳ инчунин интиқоли фавриро амалӣ хоҳанд кард, ки дар давоми он ҳамлаи гуруҳи мусаллаҳи истихборотӣ ва тахрибкор пас гардонда мешавад. Дар баробари ин барқарорсозии тавоноии ҷангиро амалӣ мекунанд.
Дар размоиш беш аз 300 адад техникаи низомӣ ва махсус бо ҷалби чархболҳо кор бурда хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан мутахассисони муборизаи радио-электронии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон амалиёти пинҳонсозии низомҳои мудофиаи ҳавоиро аз ҷониби истихбороти рақиби шартӣ тамрин карданд.
Пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди низомии хушкигарди Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар буда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад.