Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лукашенко гуфт, Минск иҷоза намедиҳад, ки "ханҷар ба пушт"-и нерӯҳои Русия бизананд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Белоруссии А. Лукашенко
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Белоруссии А. Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Президенти Беларус гуфт, наметавонад иҷоза диҳад, ки "ханҷар ба пушт"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия бизананд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфт, Минск наметавонад иҷоза диҳад, ки "ханҷар ба пушт"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия зада шавад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба хадамоти матбуотии президенти Беларус хабар медиҳад.

"Барои он ки онҳо (рақибон - шарҳ аз идора.) натавонанд хатти таъминоти артиши Русияро бибуранд ва ба ақиб рафта, ба мардуми Русия аз ақиб зарба зананд", - навиштааст хадамоти матбуотии президент аз қавли ӯ.

Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров гуфт, даҳҳо ҳазор чеченҳо омодаи ширкат дар амалиёт дар Украина ҳастанд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Артиши Русия беш аз 2900 иншооти низомии Украинаро нобуд кард
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он бидуни натиҷаи назрарас анҷом ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0