https://sputnik.tj/20220309/qodirov-hazor-chechen-amaliyot-ukraina-1046643109.html
Қодиров гуфт, даҳҳо ҳазор чеченҳо омодаи ширкат дар амалиёт дар Украина ҳастанд
Қодиров гуфт, даҳҳо ҳазор чеченҳо омодаи ширкат дар амалиёт дар Украина ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Чеченистон дар бораи даҳҳо ҳазор ихтиёриёни чечен, ки мехоҳанд ба Украина бираванд, сухан гуфт
2022-03-09T16:01+0500
2022-03-09T16:01+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
чеченистон
амалиёт
қувваҳои мусаллаҳ
рамазон қодиров
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032431981_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_b8f2f1a3d5a4633f819f7ced635298b3.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар бораи даҳҳо ҳазор ихтиёрӣ аз Чеченистон гуфт, ки мехоҳанд дар амалиёти вижа барои безарарсозии Украина ширкат кунанд.Вай афзуд, ки ин бачаҳо "на дар клавиатура навиштан, балки бо аслиҳаи оташфишони воқеӣ ва дақиқ "навиштан"-ро омӯхтаанд"."Онҳо ба экрани телефони мобилӣ нигоҳ намекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизҳои бадахлоқона наменависанд, балки дар ҳаёти воқеӣ, дар майдони ҷанг фармонҳоро хомӯшона иҷро мекунанд. Онҳо дар умури ҳарбӣ таълим гирифтаанд, на гапи хушку холӣ. Ва онҳо интизоранд, ки ҳунари размии худро зудтар нишон диҳанд”, - афзуд Қодиров.Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он бидуни натиҷаи назрарас анҷом ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220309/yak-million-ukraina-lahiston-1046638722.html
чеченистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032431981_144:0:2875:2048_1920x0_80_0_0_1387f5cbd2f08365150af7fbb2cceb1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омодагӣ, чечениҳо, амалиёти русия
омодагӣ, чечениҳо, амалиёти русия
Қодиров гуфт, даҳҳо ҳазор чеченҳо омодаи ширкат дар амалиёт дар Украина ҳастанд
16:01 09.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Раҳбари Чеченистон дар бораи даҳҳо ҳазор ихтиёрии чечен, ки мехоҳанд ба Украина бираванд, сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар бораи даҳҳо ҳазор ихтиёрӣ аз Чеченистон гуфт, ки мехоҳанд дар амалиёти вижа барои безарарсозии Украина ширкат кунанд.
"Теъдоди ихтиёриён аз Ҷумҳурии Чеченистон, ки барои иҷрои фармони фармондеҳи олӣ дар Украина омодаанд, ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад. Ҳар рӯз нерӯҳои амниятӣ мунтазири чунин фармон ҳастанд", — гуфт Қодиров дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Вай афзуд, ки ин бачаҳо "на дар клавиатура навиштан, балки бо аслиҳаи оташфишони воқеӣ ва дақиқ "навиштан"-ро омӯхтаанд".
"Онҳо ба экрани телефони мобилӣ нигоҳ намекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизҳои бадахлоқона наменависанд, балки дар ҳаёти воқеӣ, дар майдони ҷанг фармонҳоро хомӯшона иҷро мекунанд. Онҳо дар умури ҳарбӣ таълим гирифтаанд, на гапи хушку холӣ. Ва онҳо интизоранд, ки ҳунари размии худро зудтар нишон диҳанд”, - афзуд Қодиров.
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он бидуни натиҷаи назрарас анҷом ёфтааст.