Ҳалокати пиёдагарди номаълум зери мошини боркаш: Ронанда мегӯяд, равшанӣ чашмонашро зад

© Sputnik / Амир ИсаевДорога в Турсунзаде
Дорога в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ин садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Бохтар рӯх дод
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шахси пиёдагардеро мушаххас мекунад, ки зери мошини боркаш дар роҳи Душанбе - Бохтар ҷон додааст.
Тибқи иттилои ВУД, ин садама рӯзи 9-уми март дар ҳудуди шаҳри Бохтар рӯх додааст.
Ронандаи 43-солаи худрави ГАЗ-33023, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Бохтар, дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Сорбон", воқеъ дар шаҳри Бохтар марди ҳувияташ номаълумро зер кардааст.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Роҳи Хоруғ - Ишкошим муваққатан баста шуд
Ронанда ӯро бо қисмати пеши мошинаш тақрибан 10-15 метр дар рӯи замин кашола карда бурдаст, мегӯяд манбаъ.
Пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, омадааст дар иттилоияи ВУД. Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагиро аз иллатҳои аслии сар задани садамаҳо дар ҷодаҳои кишвар медонанд.
Лентаи хабарҳо
0