https://sputnik.tj/20220310/fojia-hangomi-istirohat-oila-panj-1046668477.html
Фоҷиа ҳангоми истироҳат: Мошин бо 12 узви як оила - 7 кӯдак дар Панҷ ба ҷарӣ афтид
Фоҷиа ҳангоми истироҳат: Мошин бо 12 узви як оила - 7 кӯдак дар Панҷ ба ҷарӣ афтид
Sputnik Тоҷикистон
Нохушӣ замоне рух додааст, ки аҳли оила барои истироҳат ба куҳсор рафтаанд
2022-03-10T12:15+0500
2022-03-10T12:15+0500
2022-03-10T21:00+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
ҳалокат
ронанда
оила
истироҳат
фоҷиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045345358_0:384:2048:1536_1920x0_80_0_0_385bec512f219349ac5c7a3c5ffe9f70.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, истироҳати як оила дар ноҳияи Панҷ бо фоҷиа анҷомид. Ба иттилои ВУД, ҳодиса рӯзи 9-уми март рӯх додааст. Зикр гардидаст, ки сокини 28-солаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷ ҳамроҳи 11 узви дигари оилааш бо мошинаш барои истироҳат ба доманакӯҳи ҷамоати Озодагон рафтаанд. Мақомот мегӯянд, барои истироҳат дар баробари ронанда аъзои оилааш, занону духтарони 50, 26, 25, 17, 7, 5, 3-сола ва мардону писарони 31, ду писарчаи 5 ва як кӯдаки 3-сола ӯро ҳамроҳӣ кардаанд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳангоме ин оила дар истироҳат қарор доштааст, ногаҳон борон меборад ва аҳли оила чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба автомашина савор шуда ҳаракат мекунанд. Дар натиҷа писарчаи 3-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, аъзои дигари оила бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20220310/halokat-piyodagrd-nomalum-moshin-borkash-1046666686.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045345358_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_60e9fc91d2a918b7bb62cd6ca62451a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мошин, фоҷиа, ҳалокат, панҷ, ҷарӣ
мошин, фоҷиа, ҳалокат, панҷ, ҷарӣ
Фоҷиа ҳангоми истироҳат: Мошин бо 12 узви як оила - 7 кӯдак дар Панҷ ба ҷарӣ афтид
12:15 10.03.2022 (Навсозишуда: 21:00 10.03.2022) Нохушӣ замоне рӯх додааст, ки аҳли оила барои истироҳат ба кӯҳсор рафтаанд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, истироҳати як оила дар ноҳияи Панҷ бо фоҷиа анҷомид.
Ба иттилои ВУД, ҳодиса рӯзи 9-уми март рӯх додааст. Зикр гардидаст, ки сокини 28-солаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷ ҳамроҳи 11 узви дигари оилааш бо мошинаш барои истироҳат ба доманакӯҳи ҷамоати Озодагон рафтаанд.
Мақомот мегӯянд, барои истироҳат дар баробари ронанда аъзои оилааш, занону духтарони 50, 26, 25, 17, 7, 5, 3-сола ва мардону писарони 31, ду писарчаи 5 ва як кӯдаки 3-сола ӯро ҳамроҳӣ кардаанд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳангоме ин оила дар истироҳат қарор доштааст, ногаҳон борон меборад ва аҳли оила чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба автомашина савор шуда ҳаракат мекунанд.
"Вале аз шиддати борони зиёд автомашина лағжидааст, ки ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти писта бархӯрда, баъдан ба ҷарии 150 метр сарозер шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Дар натиҷа писарчаи 3-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, аъзои дигари оила бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.