"Ашан" ва "Globus" баромадан аз Русияро рад карданд

© Sputnik Душанбе, Ашан
Душанбе, Ашан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Бархе аз ширкатҳои маъруфи хориҷӣ овозаҳои берун шуданашон аз бозори Русияро бепоя хонданд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Маҷмаҳои савдои "Ашан" ва "Globus" овозаҳо дар бораи тарки Русия карданашонро рад карданд.
Ба иттилои РИА "Новости" масъулини ин ширкатҳои маъруф изҳор доштанд, ки нияти берун шудан аз бозори Русияро надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуда, бисёре аз ширкатҳои ҷаҳонӣ эълон намуданд, ки тарки кишвар мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Русия феҳрасти ширкатҳоеро таҳия кардааст, ки эҳтимол аз ҷониби давлат миллӣ карда шаванд.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Медведев гуфт, Русия ба таҳримҳои Ғарб посухи тунд хоҳад дод
Аз ҷумла Олег Павлов, раиси созмони "Ташаббуси ҷамъиятии истеъмолӣ" мегӯяд, ба ҳукумат ва Додситонии кул феҳрасти ширкатҳои хориҷие фиристода шуд, ки ба далели қатъи фаъолияташон дар Русия мумкин аст, миллӣ шаванд.
"Феълан дар рӯйхат 59 ширкат қарор дорад, аммо вобаста ба изҳороти ширкатҳои хориҷӣ феҳраст метавонад тӯлонитар шаванд. Феълан "Volkswagen", "Apple", IKEA, "Microsoft", IBM, "Shell", "McDonald's", "Porsche", "Toyota", H&M ва ғайра дар ин феҳраст қарор доранд", - таъкид кард Павлов.
Ба гуфтаи Павлов, нисбати чунин ширкатҳо инчунин метавонанд парвандаҳои маъмурӣ ё ҷиноӣ тартиб диҳанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолгарон тарки бозор мекунанд.
Вай тавзеҳ дод, ворид шудан ба рӯйхати ҷавобӣ ба таҳримот метавонад маънои онро дошта бошад, ки ширкатҳои нақзкунанда метавонанд дучори ҳабси суратҳисобу дороӣ ва миллисозӣ шаванд. Инчунин мумкин аст, роҳбарони ин ширкатҳо барои муфлисшавии барқасдона ё қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0