Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Посухи Имрон Хон ба пешниҳоди маҳкумсозии Русия

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкИмран Хан, примьер министр Пакистана
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Сарвазири Покистон дипломатҳоеро, ки аз ӯ маҳкумсозии аъмоли Русияро хостаанд, мавриди интиқод қарор додааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Имрон Хон, сарвазири Покистон дипломатҳои ғарбиро, ки ӯро ба маҳкумсозии Русия хондаанд, танқид кардааст.
Дар бораи вокуниши тунди Имрон Хон ба даъвати маҳкумсозии амалиёти низомии Русия дар Украина "The Times" хабар додааст.

"Шумо дар бораи мо чӣ фикр доред? Чӣ, мо ғуломи шумоем, ки бояд ҳар чизе шумо гӯед, иҷро кунем?", - изҳори нороҳатӣ кардааст сиёсатмадор.

Ба иттилои нашрия, қаблан сафирони 20 кишвар мактуби муштаракеро нашр карданд, ки дар он аз Исломобод ба ҷонибдорӣ аз қатъномаи СММ алайҳи амалиёти низомии Русия дар Украина даъват кардаанд.
Таъкид мешавад, ки дар баробари ин Ҳинд, Чин ва Шри-Ланка низ аз овоздиҳӣ алайҳи Русия дар Ассамблеяи генералии СММ худдорӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молияю бонк ва энержиро шомиланд.
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳадаф сарнагунии ҳукумату ғасби Украина нест: Захарова дар бораи мақсади амалиёти низомӣ
Бонки марказӣ дучори маҳдудиятҳо шуда, бархе аз бонкҳоро аз низоми SWIFT хориҷ карданд. Олмон расмисозии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ намуд. ИМА ва кишварҳои Аврупо ҳарими ҳавоияшонро барои Русия бастанд ва даҳҳо ширкатҳои маъруф бозори кишварро тарк намуданд.
Дар пасманзари ин Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро то 20%-и солона боло бурда, Вазорати молия тамоми содиркунандаҳоро муваззаф кард, ки аз 80%-и даромади асъорияшонро аз тиҷорати хориҷӣ ба фурӯш гузоранд, то қурби рублро ба эътидол оранд.
Ҳамчунин чораҳои дигар барои дастгирии иқтисоди Русия пиёда шуда истодаанд. Мақомот мегӯянд, зарфияти устувории иқтисоди кишвар бузург аст ва кобинаи вазирон пешакӣ роҳи ҳалли мушкилоти эҳтимолиро баррасӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0