Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳадаф сарнагунии ҳукумату ғасби Украина нест: Захарова дар бораи мақсади амалиёти низомӣ

© Sputnik / Konstantin Mihalchevskiy / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, амалиёти низомӣ дар Украина бар асоси нақша ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Амалиёти низомӣ дар Украина алайҳи аҳолии осоиштаи ин кишвар пиёда намешавад, изҳор дошт Мария Захарова, намояндаи расмии ВУХ Русия.
Ба гуфтаи ӯ, амалиёти низомии Русия дар Украина аз рӯи нақша ҷараён дорад.
"Мақсад аз ин амалиёт ғасби Украина, тахриби давлатдории он, сарнагунии ҳукумати феълӣ нест", - таъкид намуд Захарова.
Вай зикр намуд, ки ҳамзамон бо Киев музокирот сурат мегиранд, то хунрезиҳои бемаънӣ ва муқовимати артиши украинӣ қатъ карда шавад.
Ӯ илова намудааст, ки то ҳол барои берун шудан аз Украина ба қаламрави Русия ҳудуди 2 млн. нафар муроҷиат кардаанд, ки 140 ҳазор нафар аз онҳо аллакай берун оварда шудаанд.
"Мутаассифона, дар амал созишҳо риоя намешаванд. Мо ҷониби Украинаро даъват мекунем, ки гузашти бехатарии сокинони осоиштаро таъмин намоянд ва умед дорем, ки дар даври навбати музокирот дар ин самт иқдоми ҷиддие сурат мегирад", - таъкид намудааст Захарова.
Заседание коллегии Следственного комитета РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Бастрикин хостори оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ҳамла ба Донбасс шуд
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0