https://sputnik.tj/20220309/safar-emomali-rahmon-misr-1046653546.html
Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Миср оғоз ёфт
Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Миср оғоз ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Котиботи президенти Тоҷикистон мегӯяд, роҳбари давлат аллакай ба Ҷумҳурии Арабии Миср расид
2022-03-09T18:37+0500
2022-03-09T18:37+0500
2022-03-09T20:23+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
миср
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045850460_0:0:1825:1028_1920x0_80_0_0_f8b3a3c6b8a16ffbdb61eb33c6d4fa8b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арабии Миср расид. Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира намояндагони он кишвар истиқбол гирифтанд.Ёдовар мешавем, рӯзи 9 март Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб сафар кард.Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи Душанбе Рустами Эмомалӣ, Муҳамадтоҳир Зокирзода, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Манбаъ меафзояд, президентро вазирони умури хориҷӣ, рушди иқтисод, саноат ва технология, маориф, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, Палатаи савдо ва дигар мақомдорон ҳамроҳӣ менамоянд.Бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ соли 2017 дар шаҳри Риёз дидору мулоқот карда буд.Вазъи ҳассос: президенти Тоҷикистон бо дипломатҳои хориҷӣ аз вазъи ҷаҳон гуфтОн замон кишвардорон ба зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таъкид намуда буданд.Аз ҷума бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида буд.
https://sputnik.tj/20220309/emomali-rahmon-misr-1046633909.html
миср
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045850460_0:0:1825:1370_1920x0_80_0_0_228f3cfa7cbdee15d34e73806b32cd6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон миср сафар
эмомалӣ раҳмон миср сафар
Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Миср оғоз ёфт
18:37 09.03.2022 (Навсозишуда: 20:23 09.03.2022) Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, роҳбари давлат аллакай ба Ҷумҳурии Арабии Миср расид
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арабии Миср расид. Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира намояндагони он кишвар истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 9 март Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб сафар кард.
Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи Душанбе Рустами Эмомалӣ, Муҳамадтоҳир Зокирзода, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ меафзояд, президентро вазирони умури хориҷӣ, рушди иқтисод, саноат ва технология, маориф, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, Палатаи савдо ва дигар мақомдорон ҳамроҳӣ менамоянд.
Бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ соли 2017 дар шаҳри Риёз дидору мулоқот карда буд.
Он замон кишвардорон ба зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таъкид намуда буданд.
Аз ҷума бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида буд.