https://sputnik.tj/20220309/emomali-rahmon-misr-1046633909.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Миср рафт
Эмомалӣ Раҳмон ба Миср рафт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Миср сафар кард.
2022-03-09T11:37+0500
2022-03-09T11:37+0500
2022-03-09T12:47+0500
эмомалӣ раҳмон
миср
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103093/21/1030932187_0:0:1890:1063_1920x0_80_0_0_99c38147a6bc6c70049b003df1b40174.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср сафар кард.Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.Дар ин сафар Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, саноат ва технологияҳои нав, маориф, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, Палатаи савдо, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ соли 2017 дар шаҳри Риёз дидору мулоқот карда буд.Он замон кишвардорон ба зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таъкид намуда буданд.Аз ҷума бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида буд.
миср
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103093/21/1030932187_200:0:1873:1255_1920x0_80_0_0_12621199830a97bb538cbf4dcaa9fa4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, миср, сиёсат
эмомалӣ раҳмон, миср, сиёсат
Эмомалӣ Раҳмон ба Миср рафт
11:37 09.03.2022 (Навсозишуда: 12:47 09.03.2022) Президенти Тоҷикистон озими кишвари арабӣ шуд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср сафар кард.
Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.
Дар ин сафар Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, саноат ва технологияҳои нав, маориф, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, Палатаи савдо, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ соли 2017 дар шаҳри Риёз дидору мулоқот карда буд.
Он замон кишвардорон ба зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таъкид намуда буданд.
Аз ҷума бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида буд.