Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Беш аз як миллион нафар аз Украина вориди Лаҳистон шуд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкЖители Украины
Жители Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Бархе аз расонаҳои ғарбӣ паноҳандагони украиниро беш аз 2 миллион арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижаи Русия то кунун беш аз 1 миллиону 300 ҳазор нафар аз Украина вориди Лаҳистон шудаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" ба нақл аз нерӯҳои марзбонии Лаҳистон хабар медиҳад.

"Аз 24 феврал то кунун 1 миллиону 330 ҳазор нафар аз Украина ба Лаҳистон ворид шудаанд", — омадааст дар изҳорот.

Ба иттилои нерӯҳои марзбонӣ, 93 дарсади гурезагон шаҳрвандони Украина, 1 дарсад шаҳрвандони Лаҳистон ва 6 дарсади боқимонда шаҳрвандони қариб сад давлати мухталиф мебошанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар давоми рӯзи сешанбе марзбонони Лаҳистон 125,8 ҳазор нафарро барои вуруд аз Украина ва аз нимашаби чаҳоршанбе аллакай 33,3 ҳазор нафарро иҷозати вуруд ба кишварашон додаанд.
Уборка пшеницы на полях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Аз гуруснагӣ мемирем? Фаронса ба далели вазъи Украина қаҳтии сартосарӣ пешгӯӣ кард
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он бидуни натиҷаи назрарас анҷом ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0