Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Эълони озод кардани 74 манотиқи аҳолинишини ҶМД

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкЖители села Сопино в Донецкой народной республике у автолавки
Жители села Сопино в Донецкой народной республике у автолавки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Ситоди мудофиа аз озод кардани 74 минтақаи аҳолинишин хабар дод
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҷумҳурии Мардумии Донетск аллакай 74 маҳаллаи аҳолинишинро, ки қаблан таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буданд, озод кардааст.
Дар ин бора РИА Новости бо такя ба ситоди дифои ҳудудии ҶМД хабар медиҳад.
Ситод рӯзи сешанбе хабар дод, ки ҶМД 73 минтақаи аҳолинишинро озод кардааст.
"То 9 марти соли 2022 - 74 маҳаллаи аҳолинишин озод карда шуданд", — гуфта мешавад дар шабакаи Telegram-ии ситод.
Акнун ҶМД деҳаи Олгинкаро низ озод кард. Инчунин қайд карда мешавад, ки истгоҳи рохи оҳани Зачатевская низ ба ихтиёри ҶМД гузашт.
Жители Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Беш аз як миллион нафар аз Украина вориди Лаҳистон шуд
Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол се даври он бидуни натиҷаи назрарас анҷом ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0