https://sputnik.tj/20220309/karzay-abdulloh-afghoniston-tark--1046662057.html
Карзай: Ману Абдуллоҳ наметавонем Афғонистонро тарк кунем
Карзай: Ману Абдуллоҳ наметавонем Афғонистонро тарк кунем
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури пешини Афғонистон ба таври ғайримустақим таъйид кард, ки ба ӯ ва Абдулло Абдулло, раиси собиқи Шӯрои олии оштӣ хориҷ шудан аз кишвар манъ шудааст
2022-03-09T22:30+0500
2022-03-09T22:30+0500
2022-03-09T22:30+0500
афғонистон
толибон
ҳамид карзай
абдуллоҳ абдуллоҳ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041851523_0:106:2049:1258_1920x0_80_0_0_7977b030757498b970001d4443eb47a1.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон дар як мусоҳибаи ахираш таъйид кардааст, ки наметавонад бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ сафарҳои хориҷа дошта бошанд.Ӯ дар посух ба суол дар бораи мамнӯъияти сафар ба хориҷа гуфт: "Бале, дар сафарҳое, ки бояд бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дошта бошем, албатта, ба сурати ҷудогона мушкилоте вуҷуд дош ва умедворем, ки он ҳал хоҳад шуд".Ҳомид Карзай афзудааст, ки ӯ дар гаштугузор дар кишвар, аз ҷумла Кобул озод астҚаблан гузориш шуда буд, ки Толибон сафари Карзай ва Абдуллоҳ ба хориҷро мамнӯъ кардаанд.Бархе аз аъзои толибон низ таъйид карданд, ки Карзай ва Абдуллоҳ ҳаққи тарки Афғонистонро надоранд. Толибон то ҳол сабаби ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.Карзай ва Абдулло аз чеҳраҳои сиёсии ҳукуматҳои қаблианд, ки бо суқути низом ба дасти толибон Кобулро тарк накарданд.Ин ду чеҳраи сиёсӣ гоҳ-гоҳе бо намояндагони хориҷӣ дидор мекунанд ва масоили кумак ба афғонистонро баррасӣ мекунад, аммо фаъолиятҳои сиёсияшон дар ҳукумати нав ноаён аст. Дар муқоиса ба Абдуллоҳ Карзай гоҳ гоҳ дар бораи ҳуқуқи занон, таълимт онон сухан меронад ва аммо дар баробари аз ҷаҳон даъват мекунад, ки бо толибон кор кунанд.Ӯ қаблан дар баёнияе гуфта буд, ки ӯ ва Абдуллоҳ ба Толибон нома навишта, аз онҳо хостанд, ки Луи Ҷирга баргузор кунанд, ки дар ҳоли ҳозир аксар аз насли навини ин кишвар зидди ташкили чунин низом аст..Дар мусоҳибаи ахири худ ӯ қайд кард, ки аз баргузории интихобот истиқбол мекунад, аммо муҳим он аст, ки дар шароити кунунӣ барои кишвар чӣ имконпазир аст, гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20220213/karzay-abdulloh-bozgashti-siyosatmadoroni-firori-afghoniston-1045813325.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041851523_114:0:1933:1364_1920x0_80_0_0_903d7554b6af8cca40fae29c2c7d0294.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
карзай абдуллоҳ афғонистон тарк
карзай абдуллоҳ афғонистон тарк
Карзай: Ману Абдуллоҳ наметавонем Афғонистонро тарк кунем
Раисҷумҳури пешини Афғонистон ба таври ғайримустақим таъйид кард, ки ба ӯ ва Абдулло Абдулло, раиси собиқи Шӯрои олии оштӣ хориҷ шудан аз кишвар манъ шудааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон дар як мусоҳибаи ахираш таъйид кардааст, ки наметавонад бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ сафарҳои хориҷа дошта бошанд.
Ӯ дар посух ба суол дар бораи мамнӯъияти сафар ба хориҷа гуфт: "Бале, дар сафарҳое, ки бояд бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дошта бошем, албатта, ба сурати ҷудогона мушкилоте вуҷуд дош ва умедворем, ки он ҳал хоҳад шуд".
Ҳомид Карзай афзудааст, ки ӯ дар гаштугузор дар кишвар, аз ҷумла Кобул озод аст
"Мардум барои дидани мо меоянд, ману Абдулло Абдулло мулоқот мекунем ва мо метавонем ба ҳар ҷое дар Кобул биравем",- афзудааст ӯ.
Қаблан гузориш шуда буд, ки Толибон сафари Карзай ва Абдуллоҳ ба хориҷро мамнӯъ кардаанд.
Бархе аз аъзои толибон низ таъйид карданд, ки Карзай ва Абдуллоҳ ҳаққи тарки Афғонистонро надоранд. Толибон то ҳол сабаби ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Карзай ва Абдулло аз чеҳраҳои сиёсии ҳукуматҳои қаблианд, ки бо суқути низом ба дасти толибон Кобулро тарк накарданд.
Ин ду чеҳраи сиёсӣ гоҳ-гоҳе бо намояндагони хориҷӣ дидор мекунанд ва масоили кумак ба афғонистонро баррасӣ мекунад, аммо фаъолиятҳои сиёсияшон дар ҳукумати нав ноаён аст.
Дар муқоиса ба Абдуллоҳ Карзай гоҳ гоҳ дар бораи ҳуқуқи занон, таълимт онон сухан меронад ва аммо дар баробари аз ҷаҳон даъват мекунад, ки бо толибон кор кунанд.
Ӯ қаблан дар баёнияе гуфта буд, ки ӯ ва Абдуллоҳ ба Толибон нома навишта, аз онҳо хостанд, ки Луи Ҷирга баргузор кунанд, ки дар ҳоли ҳозир аксар аз насли навини ин кишвар зидди ташкили чунин низом аст..
Дар мусоҳибаи ахири худ ӯ қайд кард, ки аз баргузории интихобот истиқбол мекунад, аммо муҳим он аст, ки дар шароити кунунӣ барои кишвар чӣ имконпазир аст, гуфт ӯ.