Иқтисоддонҳо аз қурби "одилона"-и доллар дар ҳайрат уфтоданд

© PixabayПачки долларовых купюр
Пачки долларовых купюр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Мутахассис қурби доллари амрикоиро аз нуқтаи назари иқтисод, бидуни ба назар гирифтани таъсири таҳримҳо шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Қабл аз ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия арзиши доллар кам арзёбӣ мешуд.
Дар ин бора Артем Тузов, мудири иҷроияи Департаменти бозори сармояи "УНИВЕР Капитал" дар суҳбат бо оҷонсии "Прайм" изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, қурби муътадили "амрикоӣ" аз нигоҳи иқтисод ва бидуни назардошти маҳдудиятҳо дар сатҳи 62 рубл барои як доллар боқӣ монд.
Тузов таъкид кард, ки қурб ба таъмини захираҳои тиллову асъори кишвари муомилоти арз вобаста аст.
Аммо вазъият бо яхбандии бахше аз захираҳои Русия аз сӯйи Ғарб печидатар шудааст. Иқтисоддон қайд кард, ки аз ин сабаб қурби одилонаи рубл дар баробари долларро муътамад арзёбӣ кардан душвор аст.

"Аммо агар тақрибан сеяки захоири тило воқеан яхбандӣ шуда бошад ва онҳо дигар наметавонанд ҳамчун гарав барои рубл баромад кунанд, пас 85-95 рубл барои як долларро метавон қурби одилона арзёбӣ кард", - гуфт Тузов.

Бо вуҷуди ин ҳоло пули ИМА дар меҳвари муборизоти геополитикӣ қарор дорад.
Ҳушдори Новак аз паёмадҳо дар сурати даст кашидани ИМА ва Аврупо аз нафту гази Русия
Таҳримҳои васеи ИМА ва Ғарб ва изҳороти шадиди сиёсатмадорони ҷаҳонӣ алайҳи Русия ба доллар таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Субҳи 9 март қурби асъори амрикоӣ ба 128 рубл наздик шуду евро ба 140.
Аврупо дар ҳайрат! Нархи газ беш аз 3800 доллар шуд
Ба эътиқоди иқтисоддонҳо, нарм шудани вазъ дар арсаи геополитикӣ ва ҳамчунин тадобири қатъие, ки Бонки марказӣ ва Вазорати молияи Русия андешидаанд, ба боздоштани афзоиши “амрикоӣ” мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0