https://sputnik.tj/20220306/benzin-gazu-suzishvori-dizeli-narkhi-mavodi-sukht-tojikiston-1046594740.html
Аз бензин то газу солярка: Болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Аз бензин то газу солярка: Болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши ҳама намуд маводи сӯхт дар навоҳии Тоҷикистон баланд шудааст
2022-03-06T19:50+0500
2022-03-06T19:50+0500
2022-03-09T19:19+0500
дар тоҷикистон
нафт
газ
сӯзишворӣ
бензин
болоравии нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2cabe493ca2e1c9017a8b5ed1fbbdc12.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Поёнравии нархи гази моеъ, ки як ҳафта қабл шуруъ шуда буд, дер давом накард, баръакс имрӯзҳо дар НФС-ҳои кишвар боз болоравии нархи тамоми маводи сӯхт мушоҳида мешавад.Бино ба тоблуҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд мураттаб намудаанд, арзиши як литр бензин АИ 92 10, 7 сомонӣ, АИ 95 11, 2 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) 10, 9 сомонӣ аст. Дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ 40 дирам афзудааст.Дар ин миён нархи гази моеъ ҳам то 20 дирам боло рафта, 6,3 сомонӣ муқаррар шудааст.Болоравии нарх дар дигар минтақаҳоБолоравии нархи маводи сӯхт дар дигар манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ мушоҳида мешавад.Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҳоло қиммати бензини АИ 92 ва АИ 95 то ба 10, 8 – 11, 4 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ҳам ба 11 сомонӣ баробар шудааст. Нархи гази моеъ низ ба 6, 4 сомонӣ афзудааст.Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш қимати бензини АИ 92 10, 4 ва АИ 95 10, 9, сӯзишвории дизелӣ 10,6 ва нархи гази моеъ 6, 2 сомонӣ буд.Зимнан масъулони ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт сабаби тағйири нархро расман шарҳ намедиҳанд.Таъсири ҷанги Русияву Украина ба ТоҷикистонБаъзе коршиносони умури иқтисодӣ сабаби тағйирёбии нархро ба бархӯрдҳои миёни Русияву Украина марбут медонанд.Умар Ҳамроев, як коршиноси мустақил мегӯяд, ҳарчанд майдони ҷанг аз Тоҷикистон дар масофаи беш аз 3 ҳазор километр дур аст, вале таъсири он ба таври аёну ноаён мерасад.Бархеи дигари коршиносон сабаби тағйирёбии нархро ба гароншавии арзиши нафту газ дар бозорҳои аврупо ва ҷаҳонӣ вобаста медонанд.Оғози соли гузашта дар нуқтаҳои чаканафурӯшӣ қимати як литр гази моеъ ба 4,2 сомонӣ, бензин навъи АИ 92 ва сӯзишвории дизелӣ ба 6,5 сомонӣ баробар буд.Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бештар аз 60 дарсади воситаи нақлиёт тавассути гази моеъ ҳаракат мекунанд ва ронандаҳо сабаби инро ба вазъи иқтисодӣ рабт дода мегӯянд, ки ин навъ маводи сӯхт нисбат ба бензин арзонтар аст.Дар ҳамин ҳол аксари сокинон изҳор мекунанд, ки болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад.
https://sputnik.tj/20220304/eron-kashf-choh-naft-gaz-tojikiston-kumak-1046504637.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_685718bc7667793a12092086734dbd36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, болоравии нарх, маводи сӯхт, сӯзишворӣ, суғд
тоҷикистон, болоравии нарх, маводи сӯхт, сӯзишворӣ, суғд
Аз бензин то газу солярка: Болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
19:50 06.03.2022 (Навсозишуда: 19:19 09.03.2022) Арзиши ҳама намуд маводи сӯхт дар навоҳии Тоҷикистон баланд шудааст
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Поёнравии нархи гази моеъ, ки як ҳафта қабл шуруъ шуда буд, дер давом накард, баръакс имрӯзҳо дар НФС-ҳои кишвар боз болоравии нархи тамоми маводи сӯхт мушоҳида мешавад.
Бино ба тоблуҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд мураттаб намудаанд, арзиши як литр бензин АИ 92 10, 7 сомонӣ, АИ 95 11, 2 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) 10, 9 сомонӣ аст. Дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ 40 дирам афзудааст.
Дар ин миён нархи гази моеъ ҳам то 20 дирам боло рафта, 6,3 сомонӣ муқаррар шудааст.
Болоравии нарх дар дигар минтақаҳо
Болоравии нархи маводи сӯхт дар дигар манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ мушоҳида мешавад.
Манобеи
Sputnik Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҳоло қиммати бензини АИ 92 ва АИ 95 то ба 10, 8 – 11, 4 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ҳам ба 11 сомонӣ баробар шудааст. Нархи гази моеъ низ ба 6, 4 сомонӣ афзудааст.
Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш қимати бензини АИ 92 10, 4 ва АИ 95 10, 9, сӯзишвории дизелӣ 10,6 ва нархи гази моеъ 6, 2 сомонӣ буд.
Зимнан масъулони ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт сабаби тағйири нархро расман шарҳ намедиҳанд.
Таъсири ҷанги Русияву Украина ба Тоҷикистон
Баъзе коршиносони умури иқтисодӣ сабаби тағйирёбии нархро ба бархӯрдҳои миёни Русияву Украина марбут медонанд.
Умар Ҳамроев, як коршиноси мустақил мегӯяд, ҳарчанд майдони ҷанг аз Тоҷикистон дар масофаи беш аз 3 ҳазор километр дур аст, вале таъсири он ба таври аёну ноаён мерасад.
“Маводи сӯхт ба кишвари мо одатан аз Русияю Қазоқистон ворид мешавад ва табиист, ки бо асъори хориҷӣ. Ҳоло қурби доллар боло рафтааст ва ин ба нархи воридоти бор бетаъсир намемонад” - гуфт, коршинос.
Бархеи дигари коршиносон сабаби тағйирёбии нархро ба гароншавии арзиши нафту газ дар бозорҳои аврупо ва ҷаҳонӣ вобаста медонанд.
Оғози соли гузашта дар нуқтаҳои чаканафурӯшӣ қимати як литр гази моеъ ба 4,2 сомонӣ, бензин навъи АИ 92 ва сӯзишвории дизелӣ ба 6,5 сомонӣ баробар буд.
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бештар аз 60 дарсади воситаи нақлиёт тавассути гази моеъ ҳаракат мекунанд ва ронандаҳо сабаби инро ба вазъи иқтисодӣ рабт дода мегӯянд, ки ин навъ маводи сӯхт нисбат ба бензин арзонтар аст.
Дар ҳамин ҳол аксари сокинон изҳор мекунанд, ки болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад.