Раҳмон ду узви мустақили раёсати Бонки миллиро таъйин кард

© © Национальный университет ТаджикистанаНовый ректор Национального университета таджикистана Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт
Новый ректор Национального университета таджикистана  Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар раёсати Бонки миллии ҷумҳурӣ ду узви мустақилро таъйин намудааст
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро узви мустақили раёсати Бонки миллии ҷумҳурӣ таъйин намудааст.
Бар асоси фармони президент, ки ахиран имзо шуд, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ низ ба ҳайси узви мустақил вориди раёсати Бонки миллии Тоҷикистон шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доктори илмҳои иқтисодӣ буда, бо қарори ҳукумат аз аввали соли 2020 ба ҳайси ректори калонтарин муассисаи таълимии олии кишвар - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Тамдиди иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз сӯйи Бонки миллӣ
Бар асоси ҳолнома, Қобилҷон Хушвахтзода 5-уми июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара, дар оилаи муаллим таваллуд шуда, то таъйинаш ба мақоми ректорӣ дар вазифаи декани факултаи молиявию иқтисодии ДМТ кор кардааст.
Узви мустақили дигари раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода мебошад, ки ахиран ба мақоми муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардид.
Хайрзода қаблан мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, баъдан ба ноиби ректор ва солҳои 2018 - 2022 ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод фаъолият намудааст.
Лентаи хабарҳо
0