https://sputnik.tj/20220308/qrim-donbass-medinskiy-rusiya-ukraina-posukh-1046620510.html
Умед ба эътирофи Қрим ва Донбасс: Мединский гуфт, Русия чӣ хосту Украина чӣ посух дод
Умед ба эътирофи Қрим ва Донбасс: Мединский гуфт, Русия чӣ хосту Украина чӣ посух дод
Sputnik Тоҷикистон
Ёвари раисиҷумҳури Русия бархе тафсилоти музокирот бо Украинаро баён доштааст
2022-03-08T12:50+0500
2022-03-08T12:50+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
қрим
донбасс
амалиёт
низомӣ
владимир мединский
музокирот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102275/76/1022757601_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_ab7f592910e21e54e71be4f61811aa2a.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, умедвор аст, дар масъалаи Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Барои Русия эътирофи Қрим ва ҷумҳуриҳои Донбасс аҳамияти аввалиндараҷа дорад, изҳор доштаст Мединский дар суҳбат бо RT. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина ин корро тақрибан ғайриимкон хонд. Вай бо зикри аҳамияти аввалиндараҷаи ин масъала барои Маскав изҳори умед намудааст, ки "дер ё зуд мо роҳи ҳаллро пайдо хоҳем кард". Маврид ба зикр аст, ки то ҳол се даври музокирот - рӯзҳои 28 феврал, 3 ва 7 март дар қаламрави Беларус баргузор шуданд. То ҳол ҷонибҳо аз тавофуқот барои ташкили долонҳои гуманитарӣ ҷиҳати тахлияи минтақаҳои даргир аз аҳолии осоишта, интиқоли дору ва маҳсулоти ниёзи аввал хабар доданд. Даври чоруми гуфтушунид дар ояндаи наздик баргузор хоҳад шуд, изҳор дошт раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури байналмилалӣ ва узви ҳайати Русия дар музокирот бо Украина Леонид Слутский. Музокирот дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегирад, ки аз 24 феврал то ҳол идома дорад.
https://sputnik.tj/20220308/intizori-rusiya-muzokirot-idoma-video-1046618208.html
қрим
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102275/76/1022757601_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_20ec51bdf201ddb9315fa508e82efbd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мединский, русия, украина, посух
мединский, русия, украина, посух
Умед ба эътирофи Қрим ва Донбасс: Мединский гуфт, Русия чӣ хосту Украина чӣ посух дод
12:50 08.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Ёвари раисҷумҳури Русия посухи ҳайати Киев дар мавриди эътирофи Қриму ҷумҳуриҳои Донбассро зимни музокирот умедворкунанда арзёбӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, умедвор аст, дар масъалаи Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард.
Барои Русия эътирофи Қрим ва ҷумҳуриҳои Донбасс аҳамияти аввалиндараҷа дорад, изҳор доштаст Мединский дар суҳбат бо RT.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина ин корро тақрибан ғайриимкон хонд.
"Онҳо мегӯянд, ин тақрибан ғайриимкон аст. Аммо ба назари ман, байни "ғайриимкон" ва "тақрибан ғайриимкон" фарқи калонест", - такъид намудааст ёвари президенти Русия.
Вай бо зикри аҳамияти аввалиндараҷаи ин масъала барои Маскав изҳори умед намудааст, ки "дер ё зуд мо роҳи ҳаллро пайдо хоҳем кард".
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол се даври музокирот - рӯзҳои 28 феврал, 3 ва 7 март дар қаламрави Беларус баргузор шуданд. То ҳол ҷонибҳо аз тавофуқот барои ташкили долонҳои гуманитарӣ ҷиҳати тахлияи минтақаҳои даргир аз аҳолии осоишта, интиқоли дору ва маҳсулоти ниёзи аввал хабар доданд.
Даври чоруми гуфтушунид дар ояндаи наздик баргузор хоҳад шуд, изҳор дошт раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури байналмилалӣ ва узви ҳайати Русия дар музокирот бо Украина Леонид Слутский.
Музокирот дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегирад, ки аз 24 феврал то ҳол идома дорад.