https://sputnik.tj/20220308/modar-momo-8-mart-shuroho-tajlil-aks-1046622732.html
Модару момоҳоямон 8 мартро дар аҳди шӯроҳо чӣ гуна таҷлил мекарданд - аксҳо
Модару момоҳоямон 8 мартро дар аҳди шӯроҳо чӣ гуна таҷлил мекарданд - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили 8-уми март чун иди занон дар Иттиҳоди шӯравӣ ба ҳукми анъана даромада, феълан низ дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳифз шудааст
2022-03-08T14:55+0500
2022-03-08T14:55+0500
2022-03-09T13:43+0500
иттиҳоди шӯравӣ
акс
бахшида ба 8 март
ид
занон
бонувон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046576419_0:82:1030:661_1920x0_80_0_0_b0692f57d6746e8820cc613545ca0726.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046576419_149:0:1030:661_1920x0_80_0_0_6de3cdb60cc77ae7ca1c7935c0a0e975.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҷлил, рӯз, сана, март, бонувон
таҷлил, рӯз, сана, март, бонувон
Модару момоҳоямон 8 мартро дар аҳди шӯроҳо чӣ гуна таҷлил мекарданд - аксҳо
14:55 08.03.2022 (Навсозишуда: 13:43 09.03.2022) Таҷлили 8-уми март чун Иди занон дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳукми анъана даромада, феълан низ дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳифз шудааст. Дар Тоҷикистон ин сана чун Рӯзи модарон ҷашн гирифта мешавад

Солҳои аввали ҳукумати шӯроҳо 8-уми март чун Иди байналмилалии занони коргар ҷашн гирифта мешуд, аммо охири солҳои 1920-ум боз номи Рӯзи байналмилалии занонро гирифт.

Соли 1975-ум Созмони Милали Муттаҳид 8-уми мартро расман Рӯзи байналмилалии занон эълон кард.

Маврид ба зикр аст, ки нахуст ин ҷашн чун Рӯзи ҳамраъйии занон барои ҳуқуқҳои баробар зуҳур карда буд.
Фурӯши гулҳо дар Иди занон дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ мегирифт.
Мардон ба муносибати ин ид занонро аз кори хона озод карда, худашон ғизо омода мекарданд.
Латвияи шӯравӣ. Мардон дар арафаи 8-уми март барои интихоби туҳфа навбат мепоиданд.
Кӯдакон ҳам дар канор намемонданд ва талош мекарданд, модаронашонро хушнуд созанд.

Дар бархе корхонаҳои истеҳсолӣ мардон барои занони ҳамкорашон намоиш баргузор мекарданд.

Варақаҳои шодбошӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон - 8 март ба бонувон тақдим мешуданд.

Ҳамчунин ин рӯз чун санаи озодию баробарҳуқуқии занон дар варақаю нигораҳо таҷассум меёфт.

Дар варақаҳои идонаи замони шӯравӣ занони шинохтаи давр инъикос меёфтанд.

Тавсифи занони коргари аҳди шӯроҳо аз паёмҳои дигари варақаҳои шодбошӣ буд.