https://sputnik.tj/20220308/ittihodi-avrupo-shomilshaviya-ghayriduston-rusiya-1046627095.html
Иттиҳоди Аврупо воридшавияш ба рӯйхати ғайридӯстони Русияро маҳкум кард
Иттиҳоди Аврупо воридшавияш ба рӯйхати ғайридӯстони Русияро маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо, ки аъзояш ба феҳрасти кишварҳои ғайридӯсти Русия шомил шудаанд, вокуниш нишон дод
2022-03-08T17:40+0500
2022-03-08T17:40+0500
2022-03-09T13:19+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
иттиҳоди аврупо
рӯйхат
дӯстӣ
маҳкум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102481/16/1024811694_0:0:3058:1720_1920x0_80_0_0_fc7f255441dab47ba4119931621b86da.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо нашри рӯйхати кишварҳои ғайридӯсти Русияро маҳкум мекунад, изҳор доштааст намояндаи расмии хадамоти умури хориҷии ИА Питер Стано. Манбаъ афзуд, ки Иттиҳоди Аврупо пайомадҳои ин тасмими Ҳукумати Русияро меомӯзад. Ҷопон низ ба Русия нотаи эътирозӣ фиристод, изҳор дошт Хирокадзу Матсуно, дабири кулли Ҳукумати Ҷопон. Ба иттилои Матсуно, дар ёддошт ҷониби Токио аз он эътироз мекунад, ки Маскав Ҷопонро ба феҳрасти кишварҳои ғайридӯст ворид кардааст.Ин эътирозҳо дар ҳолеанд, ахиран Маскав рӯйхати кишвару қаламравҳои ғайридӯстро тасдиқ кард, ки дар нисбати Русия ва ширкату шаҳрвандонаш амалҳои номатлуб анҷом додаанд.Ин рӯйхат Австралия, Албания, Андорра, Бритониёи Кабир, Гибралтар, давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Исландия, Канада, Лихтенштейн, Микронезия, Монако, Зеландияи Нав, Норвегия, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Сан-Марино, Македонияи Шимолӣ, Сингапур, ИМА, Тайван, Украина, Черногория, Швейтсария ва Ҷопонро шомил мешавад.Бар асоси санадҳои тасдиқкардаи Русия, шаҳрвандон, ширкатҳо ва худи давлат метавонанд уҳдадориҳояшонро дар назди қарздеҳони хориҷӣ аз кишварҳои ғайридӯст бо рубл иҷро кунанд. Барои ин қарздор метавонад аз бонки Русия дархост кунад, ки ба номи кредитори хориҷӣ суратҳисоби махсус бо рубл кушода шавад ва пардохт бо қурби рубл дар рӯзи пардохт сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20220301/rusiya-tahrimoti-shveytsariya-beposukh-1046384223.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102481/16/1024811694_329:0:3058:2047_1920x0_80_0_0_8c0cf883f11fd8be238816aa36de4349.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқод, аврупо, шомилшавӣ, ғайридӯстон, русия
интиқод, аврупо, шомилшавӣ, ғайридӯстон, русия
Иттиҳоди Аврупо воридшавияш ба рӯйхати ғайридӯстони Русияро маҳкум кард
17:40 08.03.2022 (Навсозишуда: 13:19 09.03.2022) Иттиҳоди Аврупо, ки аъзояш ба феҳрасти кишварҳои ғайридӯсти Русия ворид шудаанд, вокуниш нишон дод
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо нашри рӯйхати кишварҳои ғайридӯсти Русияро маҳкум мекунад, изҳор доштааст намояндаи расмии хадамоти умури хориҷии ИА Питер Стано.
"Иттиҳоди Аврупо нашри рӯйхати кишвару қаламравҳоеро дар нисбати Русия аъмоли ғайридӯстона мекунанд, маҳкум мекунад", - изҳор доштааст Стано дар суҳбат бо РИА "Новости".
Манбаъ афзуд, ки Иттиҳоди Аврупо пайомадҳои ин тасмими Ҳукумати Русияро меомӯзад.
Ҷопон низ ба Русия нотаи эътирозӣ фиристод, изҳор дошт Хирокадзу Матсуно, дабири кулли Ҳукумати Ҷопон. Ба иттилои Матсуно, дар ёддошт ҷониби Токио аз он эътироз мекунад, ки Маскав Ҷопонро ба феҳрасти кишварҳои ғайридӯст ворид кардааст.
Ин эътирозҳо дар ҳолеанд, ахиран Маскав рӯйхати кишвару қаламравҳои ғайридӯстро тасдиқ кард, ки дар нисбати Русия ва ширкату шаҳрвандонаш амалҳои номатлуб анҷом додаанд.
Ин рӯйхат Австралия, Албания, Андорра, Бритониёи Кабир, Гибралтар, давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Исландия, Канада, Лихтенштейн, Микронезия, Монако, Зеландияи Нав, Норвегия, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Сан-Марино, Македонияи Шимолӣ, Сингапур, ИМА, Тайван, Украина, Черногория, Швейтсария ва Ҷопонро шомил мешавад.
Бар асоси санадҳои тасдиқкардаи Русия, шаҳрвандон, ширкатҳо ва худи давлат метавонанд уҳдадориҳояшонро дар назди қарздеҳони хориҷӣ аз кишварҳои ғайридӯст бо рубл иҷро кунанд. Барои ин қарздор метавонад аз бонки Русия дархост кунад, ки ба номи кредитори хориҷӣ суратҳисоби махсус бо рубл кушода шавад ва пардохт бо қурби рубл дар рӯзи пардохт сурат мегирад.