https://sputnik.tj/20220308/hamtaqdir-chin-naqsha-tojikiston-om-1046627731.html
Ҳамтақдир: Чин аз нақшаҳояш дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ОМ гуфт
Ҳамтақдир: Чин аз нақшаҳояш дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ОМ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Чин дар ҳошияи ҷаласаи умумии вакилони мардумияш дидгоҳашро ба дурнамои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ баён дошт
2022-03-08T18:20+0500
2022-03-08T18:20+0500
2022-03-09T13:13+0500
чин
дар ҷаҳон
иқтисод
ҳамкорӣ
равобити дипломатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102428/45/1024284575_0:170:3037:1878_1920x0_80_0_0_fe60d504c5f80bb07a516fa3d72cd40b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ван И, вазири умури хориҷии Чин аз тақдири ягонаи ин кишвар бо Осиёи Марказӣ гуфту афзуд, ки кишвараш ният дорад, ҳамкорӣ бо ҷамоҳири Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда таҳким бахшад. Ӯ дар ҳошияи ҷаласаи 5-уми умумичинии намояндагони мардумӣ изҳор доштааст, ки Осиёи Марказии рушдёбанда ва босубот ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа мебошад. Хабаргузории "Синхуа" аз қавли Ван И овардааст, ки имсол Чин бо Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон 30-юмин солгарди муносиботи дипломатияшро таҷлил мекунад. Вазир таъкид кардааст, ки Чин чун пештара ба меъёрҳои дӯстӣ, эҳтироми тарафайн, дастгирӣ ва фоидаи ҳар ду ҷониб аз муносибот такя мекунад. Вай афзудааст, ки танҳо аз тариқи талоши тарафайн шарикии стратегӣ мустаҳкам мешавад. Ван И изҳор доштааст, ки тавассути ҳамкориҳои фарогир ҷомеа бо тақдири ягонаи Чин - Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Ин дар ҳолест, ки моҳи январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои чинияш Си Ҷинпин ҳамдигарро бо солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ шодбош гуфта, аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҷинпин дар паёмаш махсусан аз солҳои охири муносибот тавсиф кардааст, ки "мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди ҷомеаи рушдёфта ва ҷомеаи амн, ки ба ташкили ҷомеаи дорои тақдири ягонаи инсоният мунҷар мешавад, гом гузоштем".
https://sputnik.tj/20220302/chin-buhron-ukraina-kumak-1046433441.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102428/45/1024284575_152:0:2883:2048_1920x0_80_0_0_18b749862f6534831b558414ffd4b9d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, ҳамкорӣ, нақша, тоҷикистон
чин, ҳамкорӣ, нақша, тоҷикистон
Ҳамтақдир: Чин аз нақшаҳояш дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ОМ гуфт
18:20 08.03.2022 (Навсозишуда: 13:13 09.03.2022) Чин дар ҳошияи ҷаласаи умумии вакилони мардумияш дидгоҳашро ба дурнамои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ баён дошт
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ван И, вазири умури хориҷии Чин аз тақдири ягонаи ин кишвар бо Осиёи Марказӣ гуфту афзуд, ки кишвараш ният дорад, ҳамкорӣ бо ҷамоҳири Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда таҳким бахшад.
Ӯ дар ҳошияи ҷаласаи 5-уми умумичинии намояндагони мардумӣ изҳор доштааст, ки Осиёи Марказии рушдёбанда ва босубот ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа мебошад. Хабаргузории "Синхуа" аз қавли Ван И овардааст, ки имсол Чин бо Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон 30-юмин солгарди муносиботи дипломатияшро таҷлил мекунад.
Вазир таъкид кардааст, ки Чин чун пештара ба меъёрҳои дӯстӣ, эҳтироми тарафайн, дастгирӣ ва фоидаи ҳар ду ҷониб аз муносибот такя мекунад.
"Чин ният дорад, якҷо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ дар робита ба мубориза бо COVID-19, истеҳсолот, энержӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди "сабз"-ро таҳким бахшаду саҳифаи наверо дар арафаи 30-солаи оянда кушояд", - таъкид кард Ван И.
Вай афзудааст, ки танҳо аз тариқи талоши тарафайн шарикии стратегӣ мустаҳкам мешавад.
Ван И изҳор доштааст, ки тавассути ҳамкориҳои фарогир ҷомеа бо тақдири ягонаи Чин - Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои чинияш Си Ҷинпин ҳамдигарро бо солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ шодбош гуфта, аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷинпин дар паёмаш махсусан аз солҳои охири муносибот тавсиф кардааст, ки "мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди ҷомеаи рушдёфта ва ҷомеаи амн, ки ба ташкили ҷомеаи дорои тақдири ягонаи инсоният мунҷар мешавад, гом гузоштем".