https://sputnik.tj/20220302/chin-buhron-ukraina-kumak-1046433441.html
Чин барои ҳалли буҳрони Украина кумак хоҳад кард
Чин барои ҳалли буҳрони Украина кумак хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, ки давлат омода аст дар ҳалли буҳрони Украина, ки ба вуҷуд омадааст, нақши созанда иҷро кунад
2022-03-02T16:10+0500
2022-03-02T16:10+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
чин
дар русия
музокирот
пуштибонӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:61:3071:1788_1920x0_80_0_0_ec6937e7ad2df19e1c004f6b014ace73.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин Ван Венбин гуфт, Чин аз музокироти Русия ва Украина пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, Чин дар ҳалли буҳрони Украина иҷрои нақши созандаро идома хоҳад дод. Венбин гуфт, ки аз оғози музокироти сулҳи ду кишвар истиқбол мекунад. Ҳамзамон намояндаи Вазорати хориҷаи Чин таъкид кард, ки ин кишвар ҳамеша аз ҳама гуна талошҳои дипломатие, ки ба ҳалли мусолиматомези буҳрони Украина мусоидат мекунад, дастгирӣ ва ташвиқ кардааст. Дипломат изҳори умедворӣ кард, ки ҳар ду ҷониб раванди муколама ва музокиротро идома дода, барои ҳалли сиёсӣ, ки манфиатҳои қонунии амниятӣ дар назар гирифта шудааст, талош хоҳанд кард. Ван Вэнбин инчунин тавзеҳ дод, ки Чин канали бози иртибот бо Украинаро нигоҳ медорад.Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвирБа ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунадОн панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220302/muzokirot-rusiya-ukraina-belarus-nombar-1046426574.html
чин
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046423303_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ab40437ce0e85babdf730b6bfe611385.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, буҳрони украина, кумак,
чин, буҳрони украина, кумак,
Чин барои ҳалли буҳрони Украина кумак хоҳад кард
16:10 02.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, Чин омодааст, дар ҳалли буҳрони Украина нақши созанда иҷро кунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин Ван Венбин гуфт, Чин аз музокироти Русия ва Украина пуштибонӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай, Чин дар ҳалли буҳрони Украина иҷрои нақши созандаро идома хоҳад дод. Венбин гуфт, ки аз оғози музокироти сулҳи ду кишвар истиқбол мекунад.
"Чин дар коҳиши ташдиди авзоъ дар Украина нақши созанда хоҳад дошт", - гуфт Ван.
Ҳамзамон намояндаи Вазорати хориҷаи Чин таъкид кард, ки ин кишвар ҳамеша аз ҳама гуна талошҳои дипломатие, ки ба ҳалли мусолиматомези буҳрони Украина мусоидат мекунад, дастгирӣ ва ташвиқ кардааст.
Дипломат изҳори умедворӣ кард, ки ҳар ду ҷониб раванди муколама ва музокиротро идома дода, барои ҳалли сиёсӣ, ки манфиатҳои қонунии амниятӣ дар назар гирифта шудааст, талош хоҳанд кард.
Ван Вэнбин инчунин тавзеҳ дод, ки Чин канали бози иртибот бо Украинаро нигоҳ медорад.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.