https://sputnik.tj/20220308/gumoni-pisar-dustdoshta-padar-muttahamon-1046626184.html
Гумони писар аз дӯстдошта ва падараш: Боздошти муттаҳамони қатли ҷавондухтари 20-сола
Гумони писар аз дӯстдошта ва падараш: Боздошти муттаҳамони қатли ҷавондухтари 20-сола
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленинград се муҳоҷирро бо иттиҳоми куштори ҷавондухтари 20-сола боздошт кардаанд
2022-03-08T17:00+0500
2022-03-08T17:00+0500
2022-03-09T13:24+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
парванда
санкт-петербург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032279662_0:48:1001:611_1920x0_80_0_0_f948408733c3f7f76e487677123a2b51.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Мақомоти вилояти Ленинград 3 муттаҳам дар куштори як ҷавондухтари 20-соларо боздошт кардаанд, ки тоҷикистонӣ муаррифӣ мешаванд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, куштори ҷавондухтар дар наздикии деҳаи Мягловаи вилояти Ленинград дар заминаи рашк сурат гирифтааст. Тавре расонаҳои маҳаллӣ аз қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд, муттаҳамон ҷавондухтари ҳамватанашонро аз шаҳр рабуда, дар пайи озору шиканҷа ба қатл расондаанд. Дар видеои шоҳидии яке аз муттаҳамон, ки ӯ бо забони ӯзбекӣ суҳбат мекунад, тарзи содир кардани ҷиноятро нақл мекунад. Тафтишот аз муттаҳамон мардони 25, 27 ва 47-сола ном мебарад, ки ду нафарашон падару писар мебошанд. Таъкид шудааст, ки кушташуда дӯстдухтари ҷавони 25-сола будааст. Писар духтарро дар муносиботи маҳрамона бо падари худ муттаҳам мекунаду ҳамроҳи рафиқаш даст ба куштори ӯ мезананд. Ҳамчунин гуфта мешавда, падар низ аз ин қазия хабардор шудаст, аммо аз содир шудани ҷиноят ба мақомот хабар надодааст. Мақомот мегӯянд, худи ҳодиса моҳи сентябри соли гузашта рух дода, ҷасад моҳи октябр ёфт шудааст ва муттаҳамон танҳо моҳи марти соли равон боздошт гардиданд. Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20220301/bozdosht-zodagon-osiyoi-markazi-dar-maskav-1046402974.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032279662_51:0:904:640_1920x0_80_0_0_3614d6ddbd2c3d06a65a651fc9d5c119.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, муттаҳам, ҷавондухтар, рашк,
боздошт, муттаҳам, ҷавондухтар, рашк,
Гумони писар аз дӯстдошта ва падараш: Боздошти муттаҳамони қатли ҷавондухтари 20-сола
17:00 08.03.2022 (Навсозишуда: 13:24 09.03.2022) Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленинград се муҳоҷирро бо иттиҳоми куштори ҷавондухтари 20-сола боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Мақомоти вилояти Ленинград 3 муттаҳам дар куштори як ҷавондухтари 20-соларо боздошт кардаанд, ки тоҷикистонӣ муаррифӣ мешаванд.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, куштори ҷавондухтар дар наздикии деҳаи Мягловаи вилояти Ленинград дар заминаи рашк сурат гирифтааст.
Тавре расонаҳои маҳаллӣ аз қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд, муттаҳамон ҷавондухтари ҳамватанашонро аз шаҳр рабуда, дар пайи озору шиканҷа ба қатл расондаанд. Дар видеои шоҳидии яке аз муттаҳамон, ки ӯ бо забони ӯзбекӣ суҳбат мекунад, тарзи содир кардани ҷиноятро нақл мекунад.
Тафтишот аз муттаҳамон мардони 25, 27 ва 47-сола ном мебарад, ки ду нафарашон падару писар мебошанд.
Таъкид шудааст, ки кушташуда дӯстдухтари ҷавони 25-сола будааст. Писар духтарро дар муносиботи маҳрамона бо падари худ муттаҳам мекунаду ҳамроҳи рафиқаш даст ба куштори ӯ мезананд.
Ҳамчунин гуфта мешавда, падар низ аз ин қазия хабардор шудаст, аммо аз содир шудани ҷиноят ба мақомот хабар надодааст.
Мақомот мегӯянд, худи ҳодиса моҳи сентябри соли гузашта рух дода, ҷасад моҳи октябр ёфт шудааст ва муттаҳамон танҳо моҳи марти соли равон боздошт гардиданд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.