https://sputnik.tj/20220301/bozdosht-zodagon-osiyoi-markazi-dar-maskav-1046402974.html
Боздошти зодагони Осиёи Марказӣ дар Маскав, ки муҳоҷиронро аз марз "мегузаронданд"
Боздошти зодагони Осиёи Марказӣ дар Маскав, ки муҳоҷиронро аз марз "мегузаронданд"
Sputnik Тоҷикистон
Гумонбарон будубоши ҳудуди 5 ҳазор муҳоҷирро ғайриқонунӣ қонунӣ кардаанд
2022-03-01T21:00+0500
2022-03-01T21:00+0500
2022-03-01T21:00+0500
муҳоҷират
дар русия
вкд
боздошт
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102859/79/1028597930_0:158:3361:2048_1920x0_80_0_0_b89eaa097446b86ad612dda91034e68d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кормандони пулис дар Маскав як гурӯҳи 3-нафара аз Осиёи Марказиро боздошт карданд, ки тақрибан 5000 муҳоҷири ғайриқонуниро дар қонунигардонии ҳузурашон дар Русия кумак кардаанд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод. Дар маҷмӯъ 3 нафар боздошт шуданд, ки онҳо ба ташкили вуруд ва будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия муттаҳам мешаванд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълум кардаанд, ки фаъолияти худро онҳо дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳани Рижский ва дигар иншооти Маскав сурат гирифтааст. "Ба гумонбарон муяссар шуд, ки ҳузури ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди хориҷиро дар қаламрави Русия қонунӣ кунанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маъмурони пулис бо дастгирии Горди миллӣ созмондиҳандаи эҳтимолии гурӯҳ ва ду узви ин онро боздошт карданд", - афзуд ӯ. Ба гуфтаи Волк, гумонбарон зодагони Осиёи Марказӣ будаанд. Ҳоло онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд. Сабти изи ангушт барои муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавадЗимни кофтуков аз онҳо варақаҳои корти муҳоҷиратӣ бо муҳри гузаргоҳи марзӣ, патентҳои қалбакӣ барои кор, шаҳодатномаҳои супурдани имтиҳонҳо барои донистани забони русӣ, шаҳодатномаҳои супоридани санҷиши ПСР, шаҳодатномаҳои қалбакии ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дарёфт шудааст. Ҳамчунин компютерҳои дорои барномаҳои таҳияи шиносномаҳо ва шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ, СНИЛС, кортҳои муҳоҷират ва дигар ҳуҷҷатҳо, 65 телефони мобилӣ ва кортҳои бонкии онҳо низ мусодира шудааст. Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки дар соли 2021 ҳудуди ним миллион хориҷӣ ба шеваи қалбакӣ сабти ном шудаанд.Ба гуфтаи вай, дар Русия дар бахши муҳоҷират тиҷорати ғайриқонунӣ ба роҳ монда шудааст. Медведев ҳамчунин муътақид аст, бозори ғайриқонунии кор дар Русия боиси эҷоди анклавҳои ба истилоҳ миллӣ мешавад, ки дар онҳо қонунҳои Русия аксаран татбиқ намешаванд.
https://sputnik.tj/20220128/medvedev-taghyirot-muhojirat-1045292360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102859/79/1028597930_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_217da124f9e7e103845a996ab1ac0b44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, боздошт, будубош, ғайриқонунӣ,
маскав, боздошт, будубош, ғайриқонунӣ,
Боздошти зодагони Осиёи Марказӣ дар Маскав, ки муҳоҷиронро аз марз "мегузаронданд"
Гумонбарон будубоши ҳудуди 5 ҳазор муҳоҷир ғайриқонунӣ дар хоки Русияро қонунӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кормандони пулис дар Маскав як гурӯҳи 3-нафара аз Осиёи Марказиро боздошт карданд, ки тақрибан 5000 муҳоҷири ғайриқонуниро дар қонунигардонии ҳузурашон дар Русия кумак кардаанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.
Дар маҷмӯъ 3 нафар боздошт шуданд, ки онҳо ба ташкили вуруд ва будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия муттаҳам мешаванд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълум кардаанд, ки фаъолияти худро онҳо дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳани Рижский ва дигар иншооти Маскав сурат гирифтааст.
"Ба гумонбарон муяссар шуд, ки ҳузури ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди хориҷиро дар қаламрави Русия қонунӣ кунанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маъмурони пулис бо дастгирии Горди миллӣ созмондиҳандаи эҳтимолии гурӯҳ ва ду узви ин онро боздошт карданд", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Волк, гумонбарон зодагони Осиёи Марказӣ будаанд. Ҳоло онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд.
Зимни кофтуков аз онҳо варақаҳои корти муҳоҷиратӣ бо муҳри гузаргоҳи марзӣ, патентҳои қалбакӣ барои кор, шаҳодатномаҳои супурдани имтиҳонҳо барои донистани забони русӣ, шаҳодатномаҳои супоридани санҷиши ПСР, шаҳодатномаҳои қалбакии ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дарёфт шудааст.
Ҳамчунин компютерҳои дорои барномаҳои таҳияи шиносномаҳо ва шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ, СНИЛС, кортҳои муҳоҷират ва дигар ҳуҷҷатҳо, 65 телефони мобилӣ ва кортҳои бонкии онҳо низ мусодира шудааст.
Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки дар соли 2021 ҳудуди ним миллион хориҷӣ ба шеваи қалбакӣ сабти ном шудаанд.
Ба гуфтаи вай, дар Русия дар бахши муҳоҷират тиҷорати ғайриқонунӣ ба роҳ монда шудааст. Медведев ҳамчунин муътақид аст, бозори ғайриқонунии кор дар Русия боиси эҷоди анклавҳои ба истилоҳ миллӣ мешавад, ки дар онҳо қонунҳои Русия аксаран татбиқ намешаванд.