Эътирози Ҷопон аз ворид шуданаш ба рӯйхати кишварҳое, ки Русия дӯсташон намешуморад

© pixabayЯпонский флаг
Японский флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Обуна шудан
Дабири кулли Ҳукумати Ҷопон ворид шудани кишвараш ба феҳрасте аз кишварҳоеро, ки Русия дӯсташон намешуморад, боиси таассуф хондааст
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ҷопон ба Русия нотаи эътирозӣ фиристод, изҳор дошт Хирокадзу Матсуно, дабири кулли ҳукумати ҷопонӣ.
Ба иттилои Матсуно, дар ёддошт ҷониби Токио аз он эътироз кардаст, ки Маскав Ҷопонро ба феҳрасти кишварҳои ғайридӯст ворид кардаст.
"Ворид кардани Ҷопон ба ҳайси кишвари ғайридӯст боиси таассуф аст. Аз тариқи дипломатӣ мо эътирозамонро баён доштем", - овардааст РИА "Новости" аз қавли дабири кулли ҳукумати Ҷопон.
Ахиран Маскав рӯйхати кишвару қаламравҳои ғайридӯстро тасдиқ кард, ки дар нисбати Русия ва ширкату шаҳрвандонаш амалҳои номатлуб анҷом додаанд.
Ин рӯйхат Австралия, Албания, Андорра, Бритониёи Кабир, Гибралтар, давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Исландия, Канада, Лихтенштейн, Микронезия, Монако, Зеландияи нав, Норвегия, ҷумҳурии Корея, Сан-Марино, Македонияи шимолӣ, Сингапур, ИМА, Тайван, Украина, Черногория, Швейтсария ва Ҷопонро шомил мешавад.
Заместителя председателя Совета безопасности РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Медведев ҳамкорони аврупоиашро бо болоравии рекордии нархи газ табрик кард
Бар асоси санадҳои тасдиқкардаи Русия, шаҳрвандон, ширкатҳо ва худи давлат метавонанд, уҳдадориҳояшонро дар назди қарздеҳони хориҷӣ аз кишварҳои ғайридӯст бо рубл иҷро кунанд. Барои ин қарздор метавонад аз бонки Русия дархост кунад, ки ба номи кредитори хориҷӣ суратҳисоби махсус бо рубл кушода шавад ва пардохт бо қурби рубл дар рӯзи пардохт сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0