Вокуниши Вазорати хориҷаи Русия ба тасмими Олмон

© Sputnik / Алексей МайшевЗдание МИД РФ
Здание МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Намояндаи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Маскав аз тасмими Олмон дар мавриди интиқоли силоҳ ба Украина таассуф мехӯрад
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Олег Тяпкин, мудири Департаменти сеюми аврупоии Вазорати умури хориҷии Русия дар мусоҳиба бо РИА "Новости" гуфт, Маскав аз тасмими Олмон дар бораи интиқоли силоҳ ба Украина нигарон аст.
Ба гуфтаи вай, нигаронии Русия дар он аст, ки ба силоҳҳои Олмон мумкин террористону ғоратгарон дастрасӣ пайдо кунанд.

"Мо аз он хеле мутаассиф ҳастем, ки Ҳукумати Олмон бо вайрон кардани қонунгузории миллӣ ва маҳдудиятҳои ҳуқуқии худ дар сатҳи Иттиҳодияи Аврупо аз роҳи мутавозини худ дар ин масъала дур шуд”,- гуфт оқои Тяпкин.

Ба гуфтаи вай, Русия "инчунин аз он ҷиддӣ нигарон аст, ки аслиҳае, ки ба Украина дар шароити кунунӣ интиқол дода мешавад, метавонад ба дасти гурӯҳҳои террористӣ ва ғоратгарон афтад".
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ситуация на польско-украинской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия сукут эълон ва долонҳои кумакҳои башардӯстонаро аз Киев боз мекунад
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0