https://sputnik.tj/20220307/rusiya-dolonho-kumak-bashardustona-kiev-1046601503.html
Русия сукут эълон ва долонҳои кумакҳои башардӯстонаро аз Киев боз мекунад
Русия сукут эълон ва долонҳои кумакҳои башардӯстонаро аз Киев боз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Илова бар ин, долонҳои башардӯстона рӯзи 7 март аз соати 10:00 аз дигар шаҳрҳои Украина - Мариупол, Харков ва Сумӣ боз мешаванд
2022-03-07T11:10+0500
2022-03-07T11:10+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
кӯмак
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046577311_0:171:3035:1878_1920x0_80_0_0_0bf7e272899df658c7bb0acfe60eca0e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз соати 10:00 ба вақти Маскав режими сукут эълон мекунанд, хабар медиҳад ситоди башардӯстонаи ин кишвар.Долонҳои кӯмакҳои башардӯстона дар чаҳор шаҳри Украина - Киев, Мариупол, Харков ва Сумӣ боз мешаванд. Ин тасмим бо дархости раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба президенти Русия Владимир Путин гирифта шудааст. Ситоди кумакҳои башардӯстонаи Русия хабар дод, ҷониби Украина муваззаф шудааст, ки шартҳои эҷоди долонҳоро риоя ва хуруҷи ғайринизомиён ва шаҳрвандони хориҷиро таъмин кунад.Маълум аст, ки долонҳои башардӯстона имкони интиқоли шаҳрвандонро тавассути ҳавопаймо ба Русия пешбинӣ мекунанд. Ҳамчунин ситоди башардӯстонаи Русия гуфтааст, ки талошҳои мақомоти Украина барои муттаҳам кардани Русия дар халалдор кардани вазъи башарӣ ин дафъа бемаънӣ хоҳад буд, зеро вазъ бо ёрии ҳавопаймоҳои бесарнишин назорат хоҳад шуд.Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврал вазъ дар Донбасс пас аз чанд тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина шиддат гирифт. Мақомоти ҶМД ва ҶМЛ ба раҳбари Русия бо дархости кӯмак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат кардаанд.Думаи давлатӣ: Путин бо анҷоми як амалиёти вижа Қримро аз таҷовузи Украина наҷот додБаъди ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Владимир Путин фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо, инчунин шартномаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия тасдиқ карданд.Аллакай рӯзи 24 феврал раисҷумҳур аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс хабар дод. Вазорати дифои Русия борҳо таъкид кардааст, ки аслиҳаи дақиқзан танҳо барои ғайрифаъол сохтани зерсохтҳои низомӣ, иншооти дифои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина истифода мешаванд.
https://sputnik.tj/20220307/rusiya-ukraina-kumak-bashardustona-1046597374.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/06/1046577311_152:0:2883:2048_1920x0_80_0_0_eeb564a36a2a8c2a8bca1c7c3510b22c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия киев владимир путин
русия киев владимир путин
Русия сукут эълон ва долонҳои кумакҳои башардӯстонаро аз Киев боз мекунад
11:10 07.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Долонҳои башардӯстона рӯзи 7 март, аз соати 10:00 дар шаҳрҳои Украина - Мариупол, Харков ва Сумӣ боз мешаванд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз соати 10:00 ба вақти Маскав режими сукут эълон мекунанд, хабар медиҳад ситоди башардӯстонаи ин кишвар.
Долонҳои кӯмакҳои башардӯстона дар чаҳор шаҳри Украина - Киев, Мариупол, Харков ва Сумӣ боз мешаванд. Ин тасмим бо дархости раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба президенти Русия Владимир Путин гирифта шудааст.
Ситоди кумакҳои башардӯстонаи Русия хабар дод, ҷониби Украина муваззаф шудааст, ки шартҳои эҷоди долонҳоро риоя ва хуруҷи ғайринизомиён ва шаҳрвандони хориҷиро таъмин кунад.
Маълум аст, ки долонҳои башардӯстона имкони интиқоли шаҳрвандонро тавассути ҳавопаймо ба Русия пешбинӣ мекунанд. Ҳамчунин ситоди башардӯстонаи Русия гуфтааст, ки талошҳои мақомоти Украина барои муттаҳам кардани Русия дар халалдор кардани вазъи башарӣ ин дафъа бемаънӣ хоҳад буд, зеро вазъ бо ёрии ҳавопаймоҳои бесарнишин назорат хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврал вазъ дар Донбасс пас аз чанд тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина шиддат гирифт. Мақомоти ҶМД ва ҶМЛ ба раҳбари Русия бо дархости кӯмак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат кардаанд.
Баъди ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Владимир Путин фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо, инчунин шартномаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия тасдиқ карданд.
Аллакай рӯзи 24 феврал раисҷумҳур аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс хабар дод. Вазорати дифои Русия борҳо таъкид кардааст, ки аслиҳаи дақиқзан танҳо барои ғайрифаъол сохтани зерсохтҳои низомӣ, иншооти дифои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина истифода мешаванд.