https://sputnik.tj/20220307/qodirov-ba-mardumi-ukraina-murojiat-kard-1046612620.html
Қодиров ба мардуми Украина муроҷиат кард
Қодиров ба мардуми Украина муроҷиат кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Чеченистон аз мардуми Украина даъват кард якҷо бо режими натсистӣ мубориза баранд
2022-03-07T20:40+0500
2022-03-07T20:40+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
қодиров
рамазон қодиров
муроҷиат
мардум
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032431981_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_b8f2f1a3d5a4633f819f7ced635298b3.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон дар шабакаи "Telegram"-и худ аз мардуми Украина даъват кард, ки нагузоранд, онҳоро чун сипар истифода намоянд.Вай навиштааст, “Украина як кишвари зебоест, ки дар он мардуми меҳрубон ва зебо зиндагӣ мекунанд” ва қайд кард, русҳо мисли украиниҳо намехоҳанд касе ба сулҳу равобит дар ин кишварҳоро халалдор кунад.Ба гуфтаи вай, ҳоло Украинаро "Бандерҳо ҳамроҳ бо Зеленский" идора мекунанд.Вай афзуд, Вашингтон, ки Киевро "ба хотири бозиҳои сиёсӣ ва низомии худ" истифода мекунад.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220307/vukh-rusiya-didori-lavrov-kuleba-1046610378.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032431981_144:0:2875:2048_1920x0_80_0_0_1387f5cbd2f08365150af7fbb2cceb1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, чеченистон, рамазон қодиров, муроҷиат, мардуми украин
русия, украина, чеченистон, рамазон қодиров, муроҷиат, мардуми украин
Қодиров ба мардуми Украина муроҷиат кард
20:40 07.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Роҳбари Чеченистон аз мардуми Украина даъват кард, якҷо бо режими нозӣ мубориза кунанд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон дар шабакаи "Telegram"-и худ аз мардуми Украина даъват кард, ки нагузоранд, онҳоро чун сипар истифода намоянд.
Вай навиштааст, “Украина як кишвари зебоест, ки дар он мардуми меҳрубон ва зебо зиндагӣ мекунанд” ва қайд кард, русҳо мисли украиниҳо намехоҳанд касе ба сулҳу равобит дар ин кишварҳоро халалдор кунад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло Украинаро "Бандерҳо ҳамроҳ бо Зеленский" идора мекунанд.
Вай афзуд, Вашингтон, ки Киевро "ба хотири бозиҳои сиёсӣ ва низомии худ" истифода мекунад.
"Дар ниҳоят алайҳи ин режими фашистӣ садо баланд кунед. Русия ва Беларус ба шумо як долон медиҳанд, ки тавассути он ба назди бародароне, ки омодаи дидор бо шумо ҳастанд, биёед, балки на ба сӯйи Амрико”, - хулоса кард ӯ.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.