https://sputnik.tj/20220307/artish-rusiya-charkhbol-havopaymo-besarnishin-ukrain-sarnagun-1046604959.html
Артиши Русия 14 ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишини украиниро сарнагун кард
Артиши Русия 14 ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишини украиниро сарнагун кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиа гуфт, артиши Русия дар як рӯз теъдоди зиёди ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро сарнагун кард
2022-03-07T14:35+0500
2022-03-07T14:35+0500
2022-03-09T17:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042791013_0:116:3233:1934_1920x0_80_0_0_24a99a6b5f059cacd34b6395d1c4dc45.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Русия дар рӯзи душанбе 14 ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина, аз ҷумла "Байрактар"-ро сарнагун карданд. Дар ин бора генерал-майор Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия ба РИА "Новости" хабар дод.Вай гуфт, ки се системи мушакии зиддиҳавоии "Бук" М1 ва ду истгоҳи радиолокатории қувваҳои мусаллаҳи Украина аз тариқи ҳавопаймоҳои бомбандоз ва ҳамлаи заминӣ нобуд шуданд.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220307/rusiya-dolonho-kumak-bashardustona-kiev-1046601503.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042791013_250:0:2981:2048_1920x0_80_0_0_eb4574cba2e6fe347dbe7877d3a833d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия украина
Артиши Русия 14 ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишини украиниро сарнагун кард
14:35 07.03.2022 (Навсозишуда: 17:30 09.03.2022) Вазорати мудофиа гуфт, артиши Русия дар як рӯз теъдоди зиёде аз ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро сарнагун кард
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Русия дар рӯзи душанбе 14 ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина, аз ҷумла "Байрактар"-ро сарнагун карданд. Дар ин бора генерал-майор Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия ба РИА "Новости" хабар дод.
"Шаби гузашта ҳавопаймоҳои ҷангии нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонӣ ва дифои ҳавоии низомии Русия боз се Су-27-и нерӯҳои ҳавоии Украина дар вилояти Полтава, як Су-25 дар вилояти Гостомел ва ду чархболи Ми-24 дар вилояти Макаровро суқут доданд. Ҳамчунин ҳашт ҳавопаймои бесарнишин, аз ҷумла "Байрактар ТБ-2" низ маҳв шуд", - гуфт генерал.
Вай гуфт, ки се системи мушакии зиддиҳавоии "Бук" М1 ва ду истгоҳи радиолокатории қувваҳои мусаллаҳи Украина аз тариқи ҳавопаймоҳои бомбандоз ва ҳамлаи заминӣ нобуд шуданд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.