Амрико ба Тоҷикистон барои тақвияти амнияти навоҳии марзии Афғонистон кумак мекунад

© Sputnik / Amir IsaevФлаги США и Таджикистана
Флаги США и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Обуна шудан
Мақомоти Амрико барои тақвияти амнияти навоҳии марзии Афғонистону Тоҷикистон 900 ҳазор доллар кумак хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар бораи кумакҳои навбатӣ ба мақомоти Тоҷикистон хабар дод.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират иҷрои тарҳи ҷадид барои эминсозӣ ва ҳифозат аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дар баробари қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъкид кард.
Тибқи ин лоиҳаи навбатӣ, ки ҳазинаи куллии 900 ҳазор доллар аст, омӯзиши афсарони нерӯҳои марзбонӣ ва беҳбуди зерсохтҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон тайи 36 моҳи оянда дар назар аст.
Аз соли 2002 давлати Амрико пружаҳои мухталиферо барои тақвияти амнияти марзӣ аз тариқи бозсозии постҳову гузаргоҳҳои марзӣ ва 3 маркази омӯзишӣ иҷроӣ кардааст.
Аз соли 1992 Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст, ки 358 мошин ба маблағи 10,5 миллион долларро низ шомил мешавад.
Нурекское водохранилище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
МАГАТЭ ба Тоҷикистон дар мубориза бо тағирёбии иқлим кумак мекунад
Пештар хабар дода шуд, ки Русия ба артиши Тоҷикистон 12 мошини ҷосусии зиреҳпӯши БРДМ-2M-ро тақдим кард.
Супоридани таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон дар доираи барномаи навсозии қувваҳои мусаллаҳи миллӣ сурат мегирад.
Пештар дар хабарҳо омада буд, ки Русия артиши Тоҷикистонро тақвият медиҳад. Тақвияти қудрати дифоии Тоҷикистон аз сӯйи Русия ва Амрико дар пайи шиддати вазъ дар Афғонистон сурат мегирад
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко қаблан гуфта буд, Русия тақвияти нерӯи низомии Тоҷикистонро ҳам дар чаҳорчӯби СПАД ва ҳам дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба идома медиҳад.
Вай афзуд, пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бо ҳама лавозими ҷангӣ барои муқовимат ба таҳдидҳое, ки метавонанд аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд оянд, мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз аст.
Руденко гуфт, ки Русия дар таҳияи стратегияи худ таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистонро ба назар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0