https://sputnik.tj/20220305/magate-tojikiston-iqlim-kumak-1046549121.html
МАГАТЭ ба Тоҷикистон дар мубориза бо тағирёбии иқлим кумак мекунад
МАГАТЭ ба Тоҷикистон дар мубориза бо тағирёбии иқлим кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои коҳиш додани тағирёбии иқлим кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад
2022-03-05T10:30+0500
2022-03-05T10:30+0500
2022-03-05T12:33+0500
дар тоҷикистон
ом
магатэ
кӯмак
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/03/1030260305_0:186:2997:1871_1920x0_80_0_0_67d4a8761ef91dd20f8f459fd8f985ca.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. МАГАТЭ дар чаҳорчӯби тарҳи арзёбии нақши технологияҳои энержӣ дар коҳиши тағирёбии иқлим кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоро дастгирӣ хоҳад кард.Агентӣ ба Тоҷикистон низ дар самти коҳиш додани тағирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.МАГАТЭ ба давлатҳои узв имкон медиҳад, ки муҳити зистро ҳифзу барқарор кунанд ва системаҳои энергетикиро аз обуҳаво ва офатҳои табиӣ муҳофизат кунанд.Он ҳамчунин кишварҳои минтақаро дар робита ба маҳдуд кардани истеҳсолот ва партовҳои газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва мутобиқшавӣ бо оқибатҳои манфӣ кумак хоҳад кард.Ин созмон ҳамчунин тавассути пешниҳоди абзорҳои моделсозии энержӣ ва омӯзиши марбут ба он дар чаҳорчӯби як тарҳи дигари минтақаӣ ба кишварҳо дар таҳияи стратегияҳои энержии худ кумак мекунад.То ин замон таъсири ҷиддии тағирёбии иқлим дар афзоиши глобалии об ва норасоии ғизо ифода меёфт. Аммо феълан талафоти гуногунии биологӣ ва афзоиши офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи равандҳои иқлимӣ ба вуҷуд меоянд, ба авомили қаблӣ зам шудаанд. Аз ин рӯ коҳиши авомили таъсиргузор дар тағйирёбии иқлим ҳадафи дарозмуддати ин созмон аст.Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 2000 узви МАГАТЭ шуд.
https://sputnik.tj/20220305/suzishvori-energetiki-tojikiston-sarmoyaguzori-1046547511.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/03/1030260305_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_986238e5ad085a65c27e01b5aa8bbaae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
магатэ тоҷикистон иқлим кумак
магатэ тоҷикистон иқлим кумак
МАГАТЭ ба Тоҷикистон дар мубориза бо тағирёбии иқлим кумак мекунад
10:30 05.03.2022 (Навсозишуда: 12:33 05.03.2022) Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои коҳиш додани тағирёбии иқлим кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. МАГАТЭ дар чаҳорчӯби тарҳи арзёбии нақши технологияҳои энержӣ дар коҳиши тағирёбии иқлим кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоро дастгирӣ хоҳад кард.
Агентӣ ба Тоҷикистон низ дар самти коҳиш додани тағирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.
МАГАТЭ ба давлатҳои узв имкон медиҳад, ки муҳити зистро ҳифзу барқарор кунанд ва системаҳои энергетикиро аз обуҳаво ва офатҳои табиӣ муҳофизат кунанд.
Он ҳамчунин кишварҳои минтақаро дар робита ба маҳдуд кардани истеҳсолот ва партовҳои газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва мутобиқшавӣ бо оқибатҳои манфӣ кумак хоҳад кард.
Ин созмон ҳамчунин тавассути пешниҳоди абзорҳои моделсозии энержӣ ва омӯзиши марбут ба он дар чаҳорчӯби як тарҳи дигари минтақаӣ ба кишварҳо дар таҳияи стратегияҳои энержии худ кумак мекунад.
То ин замон таъсири ҷиддии тағирёбии иқлим дар афзоиши глобалии об ва норасоии ғизо ифода меёфт. Аммо феълан талафоти гуногунии биологӣ ва афзоиши офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи равандҳои иқлимӣ ба вуҷуд меоянд, ба авомили қаблӣ зам шудаанд.
Аз ин рӯ коҳиши авомили таъсиргузор дар тағйирёбии иқлим ҳадафи дарозмуддати ин созмон аст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 2000 узви МАГАТЭ шуд.