https://sputnik.tj/20220306/rusiya-amaliyot-vizha-inshoot-nizomi-ukraina-zarba-1046583420.html
Артиши Русия беш аз 2200 зерсохти низомии Украинаро нобуд кардааст
Артиши Русия беш аз 2200 зерсохти низомии Украинаро нобуд кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар маҷмӯъ 2203 иншооти зербиноии низомии Украина ҳадафи ҳамла қарор гирифт
2022-03-06T12:53+0500
2022-03-06T12:53+0500
2022-03-09T20:06+0500
дар русия
украина
ҷанг
амният ва мудофиа
артиш
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046473533_0:285:3072:2013_1920x0_80_0_0_7aa7052bbf4397642a0ce6b80259d75e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия эълом кард, ки аз оғози амалиёти вижа нерӯҳои мусаллаҳи Русия беш аз 2200 зерсохти низомии Украинаро тахриб кардаанд.Ба гуфтаи Конашенков, ҳамчунин 69 ҳавопаймо дар рӯи замин ва 24 ҳавопаймо дар ҳаво, 778 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 77 мушакандози чандкарата, 279 тӯп ва миномётҳои саҳроӣ, 553 воҳиди мошини махсуси низомӣ ва 62 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуданд.Артиши Русия минтақаҳои аҳолинишини Приютное, Завитне-Бажанне, Старомлиновка, Октябрское, Новомайскоеро зери назорат гирифтанд. Дар навбати худ нерӯҳои амниятии ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск 11 маҳаллаи аҳолинишинро таҳти назорат қарор доданд. Ҳоло онҳо дар канори Мариупол пеш рафта истодаанд, афзуд манбаъ.Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220306/dumai-guftushunid-zelenskiy-befoida-1046578811.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046473533_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_f03967905a097cc13a09574e586e02a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия амалиёти украина
Артиши Русия беш аз 2200 зерсохти низомии Украинаро нобуд кардааст
12:53 06.03.2022 (Навсозишуда: 20:06 09.03.2022) Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар маҷмуъ 2203 зерсохти низомии Украина ҳадафи ҳамла қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия эълом кард, ки аз оғози амалиёти вижа нерӯҳои мусаллаҳи Русия беш аз 2200 зерсохти низомии Украинаро тахриб кардаанд.
"Дар маҷмуъ, дар ҷараёни амалиёт ба 2203 иншооти инфрасохтори низомии Украина зарба зада шуд. Аз ҷумла, 76 нуқтаи фармондеҳӣ ва марказҳои алоқаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, 111 С-300, "Бук" М-1 ва системаҳои зиддимушакии "Оса", инчунин 71 истгоҳи радиолокасионӣ", — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Конашенков, ҳамчунин 69 ҳавопаймо дар рӯи замин ва 24 ҳавопаймо дар ҳаво, 778 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 77 мушакандози чандкарата, 279 тӯп ва миномётҳои саҳроӣ, 553 воҳиди мошини махсуси низомӣ ва 62 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуданд.
Артиши Русия минтақаҳои аҳолинишини Приютное, Завитне-Бажанне, Старомлиновка, Октябрское, Новомайскоеро зери назорат гирифтанд.
Дар навбати худ нерӯҳои амниятии ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск 11 маҳаллаи аҳолинишинро таҳти назорат қарор доданд. Ҳоло онҳо дар канори Мариупол пеш рафта истодаанд, афзуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.