https://sputnik.tj/20220306/dumai-guftushunid-zelenskiy-befoida-1046578811.html
Дар Думаи давлатӣ гуфтанд, ки гуфтушунид бо Зеленский бефоида аст
Дар Думаи давлатӣ гуфтанд, ки гуфтушунид бо Зеленский бефоида аст
Sputnik Тоҷикистон
Вакили Думаи давлатӣ ба ин назар аст, ки музокира набояд бо Зеленский, балки бо фармондеҳони воҳидҳои артиши Украина сурат бигирад
2022-03-06T10:33+0500
2022-03-06T10:33+0500
2022-03-09T20:54+0500
дар русия
украина
сиёсат
думаи кишварии русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_0:6:2700:1525_1920x0_80_0_0_b17f662c1d3f9eea74628a3b280cbea4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Қрим Михаил Шеремет гуфт, ки музокира бо Владимир Зеленский барои ҳалли вазъ дар Украина бефоида аст.Ӯ гуфт, ба ин қонуншиканӣ фавран хотима дод ва барои ин роҳи дигар ба ҷуз тезонидани амалиёти низомӣ нест.Ба гуфти Шеремет. Киев музокиротро бо як ҳадаф оғоз кард - дубора ҷойгир кардани гурӯҳи худ ва интизори омадани зархаридон ва интиқоли силоҳҳои нав.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, ба пешрафти босуръати артиши Русия амалҳои тарсуии миллатгароҳои украинӣ, ки дар пушти мардуми осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон пинҳон шудаанд, монеъ мешавад."Боварӣ дорам, ки музокирот бояд на бо намояндагони ҳукумати Киев, балки бо фармондеҳони воҳидҳои артиши Украина анҷом дода шавад. Афсар ҳамеша тасмими дуруст қабул мекунад ва наҷот додани ҷони сарбозонро интихоб мекунад, на марг барои сиёсатмадороне, ки ба манфиатҳои Украина хиёнат кардаанд",- гуфт вакил.Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220305/payomad-huzur-zarkharidon-khoriji-ukraina-baroi-jahonu-avrupo-1046570042.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_187:0:2544:1768_1920x0_80_0_0_ced6b88deb7d9937e4c5ed7cebe0b0f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
думаи давлатӣ зеленский гуфтушунид бефоида
думаи давлатӣ зеленский гуфтушунид бефоида
Дар Думаи давлатӣ гуфтанд, ки гуфтушунид бо Зеленский бефоида аст
10:33 06.03.2022 (Навсозишуда: 20:54 09.03.2022) Вакили Думаи давлатӣ ба ин назар аст, ки музокира набояд бо Зеленский, балки бо фармондеҳони воҳидҳои артиши Украина сурат бигирад
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Қрим Михаил Шеремет гуфт, ки музокира бо Владимир Зеленский барои ҳалли вазъ дар Украина бефоида аст.
"Бо Зеленский музокира кардан бефоида аст. Вай таҳти назорати комили дастнишондиҳандаҳои ғарбӣ ва зери таъсири раҳбарони баталонҳои миллатгароён қарор дорад. Миллатгароён дар кишвар террори воқеӣ карданд",- афзуд вакил.
Ӯ гуфт, ба ин қонуншиканӣ фавран хотима дод ва барои ин роҳи дигар ба ҷуз тезонидани амалиёти низомӣ нест.
Ба гуфти Шеремет. Киев музокиротро бо як ҳадаф оғоз кард - дубора ҷойгир кардани гурӯҳи худ ва интизори омадани зархаридон ва интиқоли силоҳҳои нав.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, ба пешрафти босуръати артиши Русия амалҳои тарсуии миллатгароҳои украинӣ, ки дар пушти мардуми осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон пинҳон шудаанд, монеъ мешавад.
"Боварӣ дорам, ки музокирот бояд на бо намояндагони ҳукумати Киев, балки бо фармондеҳони воҳидҳои артиши Украина анҷом дода шавад. Афсар ҳамеша тасмими дуруст қабул мекунад ва наҷот додани ҷони сарбозонро интихоб мекунад, на марг барои сиёсатмадороне, ки ба манфиатҳои Украина хиёнат кардаанд",- гуфт вакил.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.