https://sputnik.tj/20220305/wsj-kishvar-najot-iqtisod-rusiya-1046574559.html
WSJ кишвареро ном бурд, ки имкони наҷот додани иқтисоди Русияро дорад
WSJ кишвареро ном бурд, ки имкони наҷот додани иқтисоди Русияро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Маскав шарике дорад, ки дар сурати зарурӣ барои баромадан аз таҳримҳои Амрико ва Аврупо кумак мекунад
2022-03-05T23:00+0500
2022-03-05T23:00+0500
2022-03-09T20:49+0500
дар русия
иқтисод
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045437584_0:165:3083:1899_1920x0_80_0_0_1f6c01d1138dda522d7c0676dfa36136.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Чин метавонад ба Русия дар рафъи таъсири таҳримҳо ба иқтисод кумак кунад. Дар ин бора рӯзномаи Wall Street Journal менависад. Аммо манбаъ таъйид намудааст, ки феълан Пекин чораи қатъӣ наандешидааст. Бо вуҷуди ин, Русия ва Чин бисёр манфиатҳои умумӣ доранд, вале аз системаи байналхалқии молиявии доллар гузаштан душвор аст, қайд мекунад ин рӯзнома. Ба гуфтаи муаллифи WSJ, Чин аллакай таҷриба дар кӯмак ба давлати дигар дар канорагирӣ аз маҳдудиятҳо дорад. Инчунин, кишвар кайҳо боз аз мушкилоти бартарии доллар дар шароити авҷ гирифтани ҷанги тиҷоратӣ бо Иёлоти Муттаҳида нигарон буд. Ҳоло Маскав ва Пекин қариб дар савдо асъори Амрикоро истифода намебаранд.дар савдо валютаи Америкаро кариб истифода намебаранд. Ин ба Федератсияи Русия имкон медиҳад, ки бидуни таъсир ба системаи молиявии ИМА нафт, газ ва дигар маҳсулотро фурӯшад. Ба гуфтаи профессор Ҷиву Чен, мудири кафедраи молияи Донишгоҳи тиҷорати Ҳонгконг, бонкҳои бузурги Чин гумон аст, ки ба Федератсия Русия кумак кунанд. Коршинос таъкид кард, ки онҳо нисбат ба пешвоёни сиёсии худ ба муштариёни Русия камтар таваҷҷӯҳ доранд. Илова бар ин, ниҳодҳои молии Чин аз қонуне метарсанд, ки ба Вашингтон иҷоза медиҳад ширкатҳои хориҷие, ки бо созмонҳои таҳримӣ ҳамкорӣ мекунанд, муҷозот кунанд. Чен гуфт, ки ба далели миқёси бузурги маҳдудиятҳо, "имкониятҳои ширкатҳо ва бонкҳои чинӣ барои тиҷорат бо ҳамтоёни Федератсияи Русия камтаранд."Қаблан Чин бо таҳримҳои ИМА ва Аврупо алайҳи Федератсияи Русия изҳори норозигӣ карда буд.
https://sputnik.tj/20220222/qodirov-gharb-tahrim-tahdid-dusti-1046136165.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045437584_9:0:2740:2048_1920x0_80_0_0_a4848afa2c2873e922f88dc300859b59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия иқтисод чин
WSJ кишвареро ном бурд, ки имкони наҷот додани иқтисоди Русияро дорад
23:00 05.03.2022 (Навсозишуда: 20:49 09.03.2022) Маскав шарике дорад, ки дар сурати зарурӣ барои баромадан аз таҳримҳои Амрико ва Аврупо кумакаш мекунад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Чин метавонад ба Русия дар рафъи таъсири таҳримҳо ба иқтисод кумак кунад. Дар ин бора рӯзномаи Wall Street Journal менависад.
Аммо манбаъ таъйид намудааст, ки феълан Пекин чораи қатъӣ наандешидааст. Бо вуҷуди ин, Русия ва Чин бисёр манфиатҳои умумӣ доранд, вале аз системаи байналхалқии молиявии доллар гузаштан душвор аст, қайд мекунад ин рӯзнома.
Ба гуфтаи муаллифи WSJ, Чин аллакай таҷриба дар кӯмак ба давлати дигар дар канорагирӣ аз маҳдудиятҳо дорад. Инчунин, кишвар кайҳо боз аз мушкилоти бартарии доллар дар шароити авҷ гирифтани ҷанги тиҷоратӣ бо Иёлоти Муттаҳида нигарон буд.
Ҳоло Маскав ва Пекин қариб дар савдо асъори Амрикоро истифода намебаранд.
дар савдо валютаи Америкаро кариб истифода намебаранд. Ин ба Федератсияи Русия имкон медиҳад, ки бидуни таъсир ба системаи молиявии ИМА нафт, газ ва дигар маҳсулотро фурӯшад.
Ба гуфтаи профессор Ҷиву Чен, мудири кафедраи молияи Донишгоҳи тиҷорати Ҳонгконг, бонкҳои бузурги Чин гумон аст, ки ба Федератсия Русия кумак кунанд. Коршинос таъкид кард, ки онҳо нисбат ба пешвоёни сиёсии худ ба муштариёни Русия камтар таваҷҷӯҳ доранд.
Илова бар ин, ниҳодҳои молии Чин аз қонуне метарсанд, ки ба Вашингтон иҷоза медиҳад ширкатҳои хориҷие, ки бо созмонҳои таҳримӣ ҳамкорӣ мекунанд, муҷозот кунанд.
Чен гуфт, ки ба далели миқёси бузурги маҳдудиятҳо, "имкониятҳои ширкатҳо ва бонкҳои чинӣ барои тиҷорат бо ҳамтоёни Федератсияи Русия камтаранд."
Қаблан Чин бо таҳримҳои ИМА ва Аврупо алайҳи Федератсияи Русия изҳори норозигӣ карда буд.