https://sputnik.tj/20220305/rahmon-guterrish-hamdigar-shodbosh-1046566682.html
Табодули паёми шодбошӣ миёни Раҳмон ва Гутерриш
Табодули паёми шодбошӣ миёни Раҳмон ва Гутерриш
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ва дабири кулли Созмони милали муттаҳид табодули паёмҳои шодбошӣ карданд
2022-03-05T19:30+0500
2022-03-05T19:30+0500
2022-03-05T19:30+0500
дар тоҷикистон
созмони милали муттаҳид
антонио гутерриш
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102509/14/1025091438_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_2ec3c5692abed1620aba867adcc12b09.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди узвияти ҷумҳурӣ дар ин созмон табрик кардаанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Гутерриш дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат ва мардуми кишварро шодбош гуфтанд. Дабири кулли СММ зикр намудааст, ки тайи се даҳсолаи охир дар минтақа ва тамоми ҷаҳон шарикии боз ҳам зичтар барқарор шудааст. Ӯ аз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷонибдори низоми бисёрҷониба, пешбурди ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ кардааст. "Итминон дорам, ки дар даврони барқароршавии пас аз ҳамагирии COVID-19 мо дар якҷоягӣ метавонем ба сӯйи ҷомеаҳои боз ҳам устувор ва одилона раҳсипор гардем", - изҳор доштааст Гутерриш.Раҳмон дар посухаш ба Гутерриш таъкид намудааст, ки узвияти Тоҷикистон дар СММ дар ростои муаррифии комили истиқлоли давлатӣ ва таҳкими минбаъдаи ҷойгоҳи ҷумҳурӣ нақши арзишманд доштааст. Ӯ саҳми Созмони Милали Муттаҳид, бахусус дар истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳо бо СММ изҳори қаноатмандӣ ва умедворӣ намудааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар ростои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният таҳким хоҳанд ёфт.
https://sputnik.tj/20220303/muhriddin-smm--dushanbe-davat-1046485402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102509/14/1025091438_208:0:2027:1364_1920x0_80_0_0_8291ad436eeb9f3eccdcd6a9580abb0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, гутерриш, ҳамдигар, шодбош
раҳмон, гутерриш, ҳамдигар, шодбош
Табодули паёми шодбошӣ миёни Раҳмон ва Гутерриш
Президенти Тоҷикистон ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид табодули паёмҳои шодбошӣ карданд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди узвияти ҷумҳурӣ дар ин созмон табрик кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Гутерриш дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат ва мардуми кишварро шодбош гуфтанд.
"2 марти соли 1992 барои созмон санаи махсус ба ҳисоб меравад, чунки маҳз ҳамин рӯз тақрибан 5 фисади кишварҳои ҷаҳон ба СММ узвият пайдо карданд", - омадааст дар паём.
Дабири кулли СММ зикр намудааст, ки тайи се даҳсолаи охир дар минтақа ва тамоми ҷаҳон шарикии боз ҳам зичтар барқарор шудааст. Ӯ аз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷонибдори низоми бисёрҷониба, пешбурди ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ кардааст.
"Итминон дорам, ки дар даврони барқароршавии пас аз ҳамагирии COVID-19 мо дар якҷоягӣ метавонем ба сӯйи ҷомеаҳои боз ҳам устувор ва одилона раҳсипор гардем", - изҳор доштааст Гутерриш.
Раҳмон дар посухаш ба Гутерриш таъкид намудааст, ки узвияти Тоҷикистон дар СММ дар ростои муаррифии комили истиқлоли давлатӣ ва таҳкими минбаъдаи ҷойгоҳи ҷумҳурӣ нақши арзишманд доштааст.
Ӯ саҳми Созмони Милали Муттаҳид, бахусус дар истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳо бо СММ изҳори қаноатмандӣ ва умедворӣ намудааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар ростои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният таҳким хоҳанд ёфт.