Муҳриддин намояндагони кишварҳои СММ-ро ба Душанбе даъват кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар назди намояндагони кишварҳои узви СММ суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Тошканд дар конфронси байналмилалие суханронӣ кард.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиши байналмилалӣ рӯзи панҷшанбе таҳти унвони "Ҳамкории минтақаии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби нақшаи амали муштарак барои татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид" баргузор шудааст.
Зимни суханронӣ Муҳриддин аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир сухан гуфтааст.
Вазир аз қабул ва татбиқи ду Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 ёдовар шудааст.
Дар рафти суханронӣ сиёсатмадори тоҷик намояндагони кишварҳои узви СММ-ро ба Душанбе ҷиҳати ширкат дар конфронс даъват кардааст.
"Аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, ки дар конфронси дарпешистодаи сатҳи баланд, ки дар чорчӯби "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он" фаъолона иштирок намоянд",- таъкид намудааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Бояд гуфт, баргузории конфронси "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он" моҳи октябри соли 2022 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0