https://sputnik.tj/20220305/qirghiziston-muzokirot-rusiya-ukraina-miyonjigar-1046565657.html
Қазоқбоев: Қирғизистон метавонад макони музокираи Русия ва Украина шавад
Қазоқбоев: Қирғизистон метавонад макони музокираи Русия ва Украина шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи низоъи феълии Русия ва Украина сӯҳбат карда, кӯмак пешниҳод кардааст
2022-03-05T18:30+0500
2022-03-05T18:30+0500
2022-03-05T20:01+0500
қирғизистон
дар русия
украина
миёнҷигарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103051/79/1030517913_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_c64561bb04779ca3090f476a5bc51056.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Қирғизистон омодааст, барои барқарории сулҳ миёни Русия ва Украина замина фароҳам кунад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ин ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев хабар дод.Вазири қирғиз дар нишасти хабарӣ дар пайи мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, таъкид кард, ки тела додани Русия ва Украина ба идомаи низоъ қобили қабул нест.Вай изҳори таассуф кард, ки наметавон аз талафоти инсонҳо пешгирӣ кард ва соири кишварҳо бояд шоҳиди буҳрони бесобиқа пас аз ҷанги сард бошанд."Ҷаҳон дар остонаи фалокат қарор дорад, ҳеҷ кафолате нест, ки тамаддуни мо пас аз он барқарор мешавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҷонибҳоро ба идомаи низоъ тела дод",- таъкид кард ӯ.Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220305/peskov-tahrim-gharb-inzivo-russia-1046561668.html
қирғизистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103051/79/1030517913_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_ae7bac3d9a1b9d335c8eb7ca93a9ec9f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқбоев қирғизистон музокирот русия украина
қазоқбоев қирғизистон музокирот русия украина
Қазоқбоев: Қирғизистон метавонад макони музокираи Русия ва Украина шавад
18:30 05.03.2022 (Навсозишуда: 20:01 05.03.2022) Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи низои феълии Русия ва Украина суҳбат карда, кӯмак пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Қирғизистон омодааст, барои барқарории сулҳ миёни Русия ва Украина замина фароҳам кунад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ин ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев хабар дод.
Вазири қирғиз дар нишасти хабарӣ дар пайи мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, таъкид кард, ки тела додани Русия ва Украина ба идомаи низоъ қобили қабул нест.
"Мо тавсеаи вазъ дар Украинаро бо изтироб ва нигаронии зиёд пайгирӣ мекунем. Якум, махсусан фоҷиабор аст, ки ду миллати бародар, рус ва украин дар даргириҳои кунунӣ даст доранд", - таъкид кард Казакбоев.
Вай изҳори таассуф кард, ки наметавон аз талафоти инсонҳо пешгирӣ кард ва соири кишварҳо бояд шоҳиди буҳрони бесобиқа пас аз ҷанги сард бошанд.
"Ҷаҳон дар остонаи фалокат қарор дорад, ҳеҷ кафолате нест, ки тамаддуни мо пас аз он барқарор мешавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҷонибҳоро ба идомаи низоъ тела дод",- таъкид кард ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.