https://sputnik.tj/20220305/peskov-tahrim-gharb-inzivo-russia-1046561668.html
Кремл гуфт, Ғарб наметавонад Русияро дар инзивоъ қарор диҳад ва шарҳ дод чаро
Кремл гуфт, Ғарб наметавонад Русияро дар инзивоъ қарор диҳад ва шарҳ дод чаро
Sputnik Тоҷикистон
Дар Кремл бовар доранд, ки Ғарб бо роҳандозии таҳримот наметавонад Русияро дар муҳосира қарор диҳад
2022-03-05T16:20+0500
2022-03-05T16:20+0500
2022-03-05T18:32+0500
дар русия
кремл
дмитрий песков
дӯстон
кишварҳо
таҳрим
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046474108_0:0:3207:1804_1920x0_80_0_0_4d6cb37570551ad828f08dc941ea03d7.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҷаҳон аз ҳад бузург аст, ки ИМА ва Аврупо тавонанд Русияро дар инзивоъ қарор диҳанд, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл. Песков мегӯяд, бо ИМА шабакаҳои муайяни муколама феълан ҳифз шудаанд. Ӯ таъкид намуд, ки дар шароити паҳноварии ҷаҳон ИМА ва Аврупо қодир нестанд, кишвареро дар инзивоъ қарор доданд, махсусан давлати бузурге чун Русияро. "Тавре медонед, дар ҷаҳон кишварҳо зиёданд, ки хирадмандонатар ба раванди муносиботи байналмилалӣ бархӯрд мекунанд. Барои ин мо авлотар медонем, балки муътақидем, ки набояд дар бораи инзивоъ гап занем", - таъкид кард сухангӯи президенти Русия.Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ дар пасманзари таҳримҳои Ғарб, ки на танҳо ба иқтисод, балки ба дигар соҳаҳо низ таъсир расондаанд, гуфт, ин давлатро дар инзивоъ гузоштан ғайриимкон аст. Ӯ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Al Jazeera" таъкид намуд, ки Русияро дар инзивоъ қарор додан имконнопазир аст, чун ин кишвар дӯстони зиёде дорад.
https://sputnik.tj/20220305/mask-masdudsozi-rasona-russia-rad-1046559643.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046474108_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f9a0d36e1b53a16ab6d534acdfe1b612.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков, таҳрим, ғарб, инзиво, русия
песков, таҳрим, ғарб, инзиво, русия
Кремл гуфт, Ғарб наметавонад Русияро дар инзивоъ қарор диҳад ва шарҳ дод чаро
16:20 05.03.2022 (Навсозишуда: 18:32 05.03.2022) Дар Кремл бовар доранд, ки Ғарб бо роҳандозии таҳрим наметавонад Русияро дар муҳосира қарор диҳад
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҷаҳон аз ҳад бузург аст, ки ИМА ва Аврупо тавонанд Русияро дар инзивоъ қарор диҳанд, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл.
Песков мегӯяд, бо ИМА шабакаҳои муайяни муколама феълан ҳифз шудаанд.
"Бешак, худдорӣ аз муносибот матраҳ аст, аз ҷумла қатъи равобити иқтисодӣ, роҳандозии маҳдудиятҳо аз ҷониби Аврупо, ИМА, Канада, Ҷопон ва бархе кишварҳои дигар ҷой доранд, аммо ин маънои инзивои Русияро надорад", - гуфт Песков.
Ӯ таъкид намуд, ки дар шароити паҳноварии ҷаҳон ИМА ва Аврупо қодир нестанд, кишвареро дар инзивоъ қарор доданд, махсусан давлати бузурге чун Русияро.
"Тавре медонед, дар ҷаҳон кишварҳо зиёданд, ки хирадмандонатар ба раванди муносиботи байналмилалӣ бархӯрд мекунанд. Барои ин мо авлотар медонем, балки муътақидем, ки набояд дар бораи инзивоъ гап занем", - таъкид кард сухангӯи президенти Русия.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ дар пасманзари таҳримҳои Ғарб, ки на танҳо ба иқтисод, балки ба дигар соҳаҳо низ таъсир расондаанд, гуфт, ин давлатро дар инзивоъ гузоштан ғайриимкон аст. Ӯ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Al Jazeera" таъкид намуд, ки Русияро дар инзивоъ қарор додан имконнопазир аст, чун ин кишвар дӯстони зиёде дорад.