Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Маск масдудсозии расонаҳои Русияро рад кард

© AFP 2023 / BRITTA PEDERSENИлон Маск
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Илон Маск мегӯяд, "Starlink" расонаҳои Русияро танҳо зери мили таппонча масдуд хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Илон Маск, соҳибкори амрикоӣ мегӯяд, ҳукуматҳои бархе кишварҳо хостаанд, "Starlink" расонаҳои Русияро масдуд созад.
Маск ин дархостро рад карда, таъкид намудааст, ки танҳо таҳти таҳдиди таппонча даст ба масдудсозӣ мезанад. Ӯ дар саҳифааш дар "Twitter" навиштааст, ки ҷонибдори озодии мутлақи сухан мебошад.

"Ҳукуматҳои бархе аз кишварҳо (на Украина) аз "Starlink" бастани манобеи хабарии русиро талаб карданд. Мо инро танҳо таҳти таҳдиди таппонча анҷом медиҳем. Узр, ки ман ҷонибдори озодии мутлақи сухан мебошам", - навиштаст Маск дар саҳифааш.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина дар баробари эълони таҳримоти молиявию иқтисодӣ инчунин дар бархе кишварҳо фаъолияти саҳифаҳои расонаҳои Русия масдуд шуданд. Шартномаҳо бо фарҳангиён қатъ шуда, маҳдудиятҳо алайҳи варзишкорону тимҳои Русия низ ҷорӣ гардидаанд.
Кремл изҳор дошт, ки гузинаҳои гуногунеро барои ҳалли мусолиматомези қазияи Украина қабл аз оғози амалиёти низомӣ пешниҳод карда буд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ба таҳрим омода буданд, аммо бархе барои Маскав ғайричашмдошт рух доданд.
Лавров изҳор дошт, ки аз ҷумла таҳримҳо нисбати рӯзноманигорон, варзишкорон ва намояндагони фарҳангиро ҳич интизор надоштанд.
"Мо ба таҳримҳо омода будем, аммо интизор надоштем, ки зери таъсирашон варзишкорон, фарҳангиён, ҳунармандон, рӯзномнигорон ҳам қарор хоҳанд гирифт", - изҳор дошт вазир дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Аl-Jazeera".
Глава ДНР Денис Пушилин, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Пушилин гуфт, сокинони Мариупол аз долони гуманитарӣ ғофиланд
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокираи Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0