Эълони ҳукми марде, ки "маъшуқ"-и ҳамсарашро нахуст бо табар маҷруҳ сохту баъдан оташ зад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон тафсилоти қазияи "куштори номусӣ" дар ноҳияи Шаҳринавро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро бо ҷурми одамкушӣ барои 23 сол равонаи зиндон кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Қазия дар заминаи рашк ва хусумати шахсӣ 3 декабри соли 2021 сурат гирифтааст.
Ба итттилои манбаъ, Ҷӯрабек Набиев дар бораи муносибати маҳрамона доштани ҳамдеҳааш Содиқов Алишер бо ҳамсараш Набиева А.Т. шубҳа карда, нияти ба ҳалокат расонидани ӯро намудааст.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Куштори ошиқ аз дасти маъшуқ дар Душанбе: ҳар ду соҳиби оила буданд - видео
Гуфта мешавад, ӯ бо мақсади амалӣ намудани ин мақсадаш дар санаи зикршуда дар манзили зисташ қарор дошта, ба саҳни ҳавлӣ ворид шудани Содиқовро мушоҳида намуда, ӯро дастгир мекунад.
Сипас аз набудани ҳамсараш ва фарзандонаш истифода карда, дар заминаи рашк ва хусумати шахсӣ ӯро бо пой зада, ба замин меафтонад ва бо табаре, ки барои содир кардани куштор дар дасташ нигоҳ медошт, ду бор дар қисмати cap, як бор ба қисмати пеши гардан ва як бори дигар ба қисмати пойи чапаш зада, ба саломатии номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст, мегӯяд додситонӣ.

"Баъдан, бо мақсади бо бераҳмии махсус ба қатл расонидани Содиқов А.В., ки ҳанӯз зинда буд, ба бадани охирон бензин рехта, ӯро оташ задааст",- афзуд манбаъ.

Номбурда пас аз он бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан қасди худкушӣ намуда, тавассути банди хоҷагӣ худро дар болочӯби оғилхонаи манзили зисташ ба дор овехтааст.
Дар ин ҳолат ҳамсояҳо аз вазъ огоҳ шуда, Набиевро аз худкушӣ наҷот дода, сӯхторро дар бадани Содиқов хомӯш намуда, номбурдаро ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол додаанд. Аммо ӯ бо сабаби бардоштани ҷароҳатҳои вазнин ба саломатӣ дар беморхона вафот кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур алайҳи Набиев бо моддаи 104, қисми 2-и банди "е"-и Кодекси ҷиноии кишвар парванда оғоз шуда, бо қарори додгоҳ ӯ ба муҳлати 23 сол ба адои ҷазо дар зиндони низоми сахт ҳукм шуд.
Лентаи хабарҳо
0